Аз 1-уми июн ширкати ҷопонии «Дай Нилтон Констракшн» ба татбиқи марҳилаи дуюми таъмиру азнавсозии роҳи мошингарди Дӯстӣ-Қӯрғонтеппа оғоз кард.

Дар маросими оғоз бахшидан ба корҳои лоиҳа дар Қӯрғонтеппа муовини вазири нақлиёт Ҷумъахон Зуҳуров, муовини раиси вилояти Хатлон Абдуҷаббор Баҳодуров, роҳбарони корхонаву муассисаҳои давлатии вилоят ва намояндагони ширкати паймонкори Ҷопон иштирок карданд.

Зимни суханронӣ дар ин маросим Ҷ. Зуҳуров барои дастгирии лоиҳа ба ҳукумати Ҷопон изҳори миннатдорӣ намуда, зикр кард, ки марҳилаи дуюми лоиҳа тармиму таҷдиди қисмати иборат аз масофаи 18 км роҳ бо паҳноии 12 метрро дарбар мегирад. Дар чаҳорчӯби лоиҳаи мазкур 5 пул ва дигар иншооти кӯмакрасон низ бунёд мегардад. Маблағи умумии лоиҳа 24 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

Мутобиқи шартҳои қарордод, ки миёни Вазорати нақлиёти ҶТ ва ширкати Ҷопон ба имзо расидааст, корҳои таъмиру азнавсозии ин қитъаи роҳ бояд моҳи августи соли 2013 ба итмом расанд.

Ба гуфтаи муовини вазири нақлиёт, бо дастгирии Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байнулмилалӣ (JICA) барои сохтмони роҳи мошингарди Панҷи Поён-Дӯстӣ-Қӯрғонтеппа дар маҷмӯъ беш аз 70 млн. доллари ИМА ҷудо гардидааст.