Парвози нахустини ҳавопаймо тавассути хатсайри Душанбе-Деҳлӣ ба санаи 6-уми июл мавқуф гузошта шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз хадамоти матбуоти ширкати ҳавопамоии «Тоҷик Эйр» хабар доданд, қаблан парвози аввалин бо ин хатсайр ба рӯзи 29-уми июн муқаррар шуда буд, вале бинбар сабаби камии мусофирон ва бор он ба санаи дигар гузошта шудааст.

Дар ҳамин ҳол, дар ширкати ҳавопаймоӣ иттилои дар чанде аз расонаҳо нашршуда дар бораи гӯё қарздор будани ширкати «Тоҷик Эйр» дар назди фурудгоҳи шаҳри Деҳлӣ ба маблағи 1 млн. доллари ИМА ва бо ин сабаб сурат нагирифтани парвози аввалин ба ин хатсайрро рад карданд.

«Тоҷик Эйр» дар назди фурудгоҳи Деҳлӣ ҳеҷ қарздорие надорад, - гуфтанд дар хадамоти матбуоти ширкат. – Агар мо дар назди фурудгоҳи Деҳлӣ ягон уҳдадории қарзӣ медоштем, онҳо тамоман ҳавопаймоҳои моро қабул намекарданд».

Парвозҳо тавассути хатсайри Душанбе-Деҳлӣ ҳар ҳафта рӯзи ҷумъа бо ҳавопаймои Боинг-737 анҷом дода мешаванд. Вақти парвоз аз Душанбе соати 07:30 дақиқа муқаррар шудааст. Давомнокии парвоз 2 соату 30 дақиқаро ташкил медиҳад. Арзиши билет 240 евро аст.