Бо қарори навбатии Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон меъёри бозтамвил ба андозаи 1,2 банди фоизӣ паст ва дар сатҳи 6,8 фоизи солона муқаррар карда шуд.

Тавре аз хадамоти матбуоти Бонки миллии ҷумҳурӣ хабар доданд, дигаргунии навбатӣ бо назардошти кам гардидани фишорҳои таваррумӣ ва таъсири омилҳои берунӣ ҷиҳати таъмини самаранокии сиёсати пулию ва бо ин роҳ паст кардани фоизи миёнаи қарзҳо дар низоми бонкӣ ворид карда шудааст.

Меъёри бозтамвил воситаи танзими пуливу қарзӣ буда, тавассути он БМТ ба меъёрҳои бозори байнибонкӣ ва меъёрҳои қарзу депозит, ки аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ ба шахсони ҳуқуқиву воқеӣ дода мешаванд, таъсир мерасонад.

Ёдрас мекунем, ки соли равон маротибаи сеюм аст, ки БМТ меъёри бозтамвилро коҳиш медиҳад. Ҳамин тариқ, ахир моҳи март он ба андозаи 1 банди фоизӣ – аз 9%то 8%-и солона, моҳи феврал ба андозаи 0,8 банди фоизӣ – аз 9,8 то 9%-и солона паст карда шуда буд.