Зимни нишасти хабарӣ муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати ҷумҳурӣ Лочин Файзуллоев изҳор кард, ки баста шудани гузаргоҳи марзӣ бо Ӯзбекистон миёни шаҳрҳои Панҷакенту Самарқанд ба бахши сайёҳии водии Зарафшон хисороти ҷиддӣ ворид сохт.
Ба гуфтаи вай, гузаргоҳи марзӣ миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон дар водии Зарафшон се сол қабл бидуни мувофиқаву огаҳӣ якҷониба аз тарафи кишвари ҳамсоя баста шуда, аз ин «ташаббус»-и якҷонибаи Ӯзбекистон тиҷорати наздисарҳадӣ миёни кишварҳо зарар дид.
«Созмонҳои сайёҳӣ кайҳо собит кардаанд, ки аз баста шудани марзҳо натанҳо кишвари қабулкунанда, балки кишвари фиристанда ҳам зарар мебинад», - гуфт ӯ.
Файзуллоев таъкид кард, ки соҳибкорону ширкатҳои сайёҳии ҳарду кишвар аз ин амали ҳукуматдорони ӯзбек борҳо изҳори тааҷҷубу таассуф кардаанд.
«Мо тавассути Вазорати корҳои хориҷӣ аз Ӯзбекистон дархост кардем, ки ба таври истисноӣ убури шаҳрвандони хориҷӣ тариқи ин гузаргоҳро иҷоза диҳад, вале то ҳанӯз ҳеҷ посухе нагирифтаем», - гуфт ӯ.
Номбурда ҳамчунин гуфт, масъалаи мазкур ҳамасола аз ҷониби Тоҷикистон матраҳ мешавад ва изҳори умедворӣ кард, ки бо гузашти вақти муайян ин мушкилот роҳи ҳалли худро пайдо хоҳад кард.
Бино ба маълумоти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати ҷумҳурӣ, соли равон ҳудуди 155 ҳазор нафар шаҳрвандони хориҷӣ аз Тоҷикистон боздид карданд, ки аз ин миқдор 60 ҳазор нафар тибқи раводидҳои сайёҳӣ омадаанд. Айни замон дар Тоҷикистон 75 адад ширкати сайёҳии ватанӣ фаъолият доранд.
Сарбозони дар артиши Тоҷикистон зарардида чӣ гуна ҷуброн метавонанд дастрас кунанд?
Имсол дар Иди ғалаба гузашти ҳарбӣ доир намешавад
Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин бо Сафири Арабистони Саудӣ
Мақомоти Тоҷикистон барои расидагӣ ба мушкили муҳоҷирон ба фурудгоҳҳо рафтанд
“Ҳоҷиҳо, ришдорон ва ба Туркия рафтаҳо ихроҷ шуданд”. Нақли муҳоҷирони аз Русия ихроҷшудаи тоҷик
Даргузашти фарҳангшиноси маъруф ва мунаққиди синамо Саъдулло Раҳимов
Лотереяи Green-Card: акнун метавонед бисанҷед, ки бурд кардед ё не
Се медали ҷудокорони тоҷик дар рӯзи якуми мусобиқаи Dushanbe Grand Slam 2024
Путин Эмомалӣ Раҳмонро ба Маскав даъват кард. Суҳбати роҳбарони ду давлат дар пайи мушкилоти муҳоҷирони тоҷик дар Русия
Мушкили шадиди дастрасӣ ба иттилоъ. Идомаи фишор ба расонаҳо ва рукуди озодии баён
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста