Ширкати русиягии  ҳавопаймоии ORENAIR ба анҷом додани парвозҳо тавассути хатсайри Санкт-Петербург-Кӯлоб-Санкт-Петербург оғоз мекунад.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти ширкат, парвозҳо ҳар ҳафта як маротиба рӯзҳои душанбе дар ҳавопаймои бароҳати муосири Boeing 737-800 сурат мегиранд. Ҳавопаймои мазкур барои ҳамлу нақли 168 нафар мусофирон пешбинӣ шудааст.

Айни замон ширкати мазкур ба шаҳрҳои Душанбеву Хуҷанд аз шаҳри Оренбург парвозҳо амалӣ месозад.

Дар иттилои хадамоти матбуоти ширкати ҳавопаймоӣ зикр мегардад, ки дар мавсими тирамоҳу зимистон ба реҷаи кории ширкат парвози ҳавопаймоҳо тавассути хатсайри Кӯлоб-Санкт-Петербург илова мегардад.

ҶСК «Шабакаҳои ҳавопаймоии Оренбург» соли 1932 бо пешниҳоди хизматгузории транзиии хатсайри ҳавоии Маскав-Тошканд таъсис ёфта, 100%-и саҳмияҳои он ба ширкати «Аэрофлот»-и Русия тааллуқ доранд. Ширкат аз фурудгоҳҳои шаҳрҳои Маскав, Оренбург ва Перми Русия ба самтҳои гуногун парвозҳо анҷом медиҳад.