Дар чоҳи нафту гази «Шаҳринав-1п»-и минтақаи Сариқамиши ноҳияи Шаҳринав ширкати русиягии Gazprom International ҳудуди 80%-и корҳои пармакуниро ба итмом расонид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати энергетика ва санати ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дар ин чоҳ ба санаи 1-уми октябри соли равон аз чуқурии 6 ҳазору 300 метри нақшавӣ 4 ҳазору 919 метраш парма карда шудааст.

Интизор меравад, ки корҳои сохтмону пармакунӣ дар ин чоҳ аввали нимсолаи соли оянда ба анҷом мерасанд. Захираҳои пешакии газ дар минтақаи нафтугаздори Сариқамиш 18 млрд. метри мукааб, захираҳои нафт – 17 млн. тонна ва гази омехта дар нафт – 2 млрд. метри мукааб арзёбӣ мешаванд.

Ёдрас мекунем, ки ширкати русиягии Gazprom International 7-уми декабри соли 2010 ба корҳои парпмакунии чоҳи «Шаҳринав-1п» оғоз карда буд.

Ба иттилои манбаъ, феълан дар қаламрави Тоҷикистон КМ «Сомон Ойл» (Тоҷикистону Швейтсария), Tethys Petroleum (Канада), КМ «Петролиум Суғд» (Тоҷикистону Австрия) ва ширкатҳои ватании ҶДММ «Салоса», ҶДММ «Азизӣ-1», Ҷдмм «Шоҳон», ҶСП «Ҳасан ва К», ҶДММ «Ҳалолӣ», ҶДММ «Нафти Темурималик» ва ҶДММ «Абадӣ» низ ба корҳои иктишофу ҷустуҷӯи нафту газ машғуланд.

Ёдрас мекунем, ки моҳи июли соли равон мақомоти раҳбарии Tethys Petroleum изҳор карда буд, ки дар натиҷаи гузаронидани корҳои иктишофи геологӣ дар Тоҷикистон захираҳои хеле зиёди нафту газ ошкор шуданд, ки 27,5 млрд. баррели эквиваленти нафтиро ташкил медиҳанд ва 69%-и он ба гази табииву 31%-аш ба нафту конденсати газӣ рост меоянд.

Барои дарки ин миқёс захираҳо метавон онҳоро бо захираҳои кишварҳои пешсафи истихроҷи нафту газ дар ҷаҳон муқоиса намуд. Бино ба арзёбии ширкати Tethys Petroleum, айни замон захираҳои нафти Қувайт - 101,5 млрд., Русия – 77,4 млрд., Либия – 46,4 млрд. ва Қатар – 25,9 млрд. баррелро ташкил медиҳанд.