Дар зарфи 9 моҳи соли равон дар Тоҷикистон беш аз 400 млн. сомонӣ пулҳои фарсудаву корношоям бозпас гирифта шуданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Бонки миллии ҷумҳурӣ хабар доданд, дар ҳамин давраи соли гузашта 239,7 млн. сомонӣ пулҳои корношоям супурда шуда буданд.

«Афзоиши маблағи пулҳои корношоям раванди маъмулист, зеро иқтисод дар ҳоли рушд қарор дошта, ҳаҷми пулҳои дар муомилот мавҷуда зиёд мешавад ва мутаносибан шумори пулҳои фарсудаву корношоям низ бештар мегардад», - гуфтанд дар БМТ.

Пулҳои корношояму фарсудае, ки аз ҷониби муассисаҳои бонкӣ қабул карда мешаванд, бо ҳамон номинали пули нав иваз мегарданд.

Дар Бонки миллии ҷумҳурӣ изҳор карданд, ки пулҳои аз муомилот бозпас гирифташуда ҳамчун пардохтнопазир эътироф гардида, сипас нобуд карда мешаванд.

«Муассисаҳои бонкӣ пулҳои фарсудаву корношоямро бояд бидуни хизматгузориҳои комиссионӣ ва дарҳол бо муроҷиати нахусти шаҳрванд қабул намоянд», - гуфт манбаъ.