Дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ корхонаи нави истеҳсоли профилҳои пластикии ҶДММ «Суғд пласт» мавриди истифода қарор гирифт. Дар маросими ифтитоҳи он дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд вазири энергетика ва саноати ҷумҳурӣ Гул Шералӣ иштирок кард.

Тавре аз Вазорати энергетика ва саноати ҷумиттилоъ доданд, иқтидори лоиҳавии истеҳсолии корхонаи мазкур дар як сол 4000 тонна истеҳсоли профилро ташкил медиҳад. Дар он 5 намуд маҳсулот истеҳсол карда мешавад. Хати технологии насбгардида истеҳсоли давлатҳои Германия ва Австрия буда, ашёи хом-поливинилхлорид низ аз ин давлатҳо ворид карда мешавад.

Дар маҷмӯъ маблағи умумии сармоя барои ташкили корхонаи мазкур 2 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад, ки аз ин 1,9 миллион доллари ИМА барои хариди хати технологии истеҳсоли профилҳои пластикӣ сарф карда шудааст.

 Айни ҳол дар корхона барои 50 нафар ҷойи кори доимӣ муҳайё гардида, пас аз пурра ба кор даровардани иқтидори истеҳсолӣ шумораи коргарон то ба 70 нафар расонида хоҳад шуд.

Бояд қайд намуд, ки аз соли 2005 то имрўз дар қаламрави мамлакат 14 корхонаҳои хурду миёна ва муштараки истеҳсолкунандаи маҳсулоти пластмассӣ таъсис дода шудааст. Дар корхонаҳои мазкур маҳсулотҳои пластмассии ба монанди қубурҳои пластмассии диаметри аз 15 то 630 миллиметр, профилҳо барои истеҳсоли дару тиреза, плёнкаҳо, борхалтаҳо, зарфҳо ва сарпўшҳои пластмасӣ, сатилу лаган, зарфҳо ва қуттиҳо барои нигоҳдории рангҳои сохтмонӣ ва нигоҳдории меваю сабзавот, қуттиҳо барои нигоҳдории воситаҳои барқӣ ва ғайраҳо истеҳсол шуда истодааст.

Бино ба маълумоти Вазорати энергетика ва саноати кишвар, дар зарфи нуҳ моҳи соли равон дар корхонаҳои мазкур 41 миллион сомонӣ маҳсулоти гуногуни пластмассӣ истеҳсол шудааст, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 16,1 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Дар соли 2011 ин корхонаҳо 35,5 миллион сомонӣ маҳсулоти гуногуни пластмассӣ истеҳсол намудаанд, ки назар ба ҳамин давраи соли 2010 16,3 миллион сомонӣ зиёд мебошад.