Корхонаи муштараки «Зарафшон» ҳаҷми истихроҷи тилоро афзуда, ҳаҷми истихроҷи нуқраро ба таври начандон назаррас коҳиш медиҳад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» муовини директори корхонаи муштараки «Зарафшон»-и Тоҷикистону Чин Бобохон Бобохонов иттилоъ дод, соли равон дар корхона истихроҷи 1 ҳазору 610 кило тило дар назар аст, ки нисбат ба соли гузашта 181 кило зиёд аст.

Ба қавли вай, имсол дар корхона нисбат ба соли гузашта 30 кило камтар нуқра исеҳсол карда мешавад. Соли гузашта дар корхона 243 кило нуқра истеҳсол гардида буд.

«Коҳиши ҳаҷми истихроҷи нуқра ба он вобаста аст, ки дар кони асосии истихроҷи «Ҷилав» нуқра дар таркиби маъдан хеле паст аст», - гуфт Бобохонов.

Бино ба маълумоти Бобохонов, дар зарфи 9 моҳи соли равон дар корхона 1 ҳазору 65 кило тило ва 161 кило нуқра истеҳсол шудааст.

Қобили зикр аст, ки шурӯъ аз соли 2007 баҳри таҷдиду азнавсозии корхона аз ҷониби ширкати «ZiJin Mining Group Co.Ltd»-и Чин 144 млн. доллари ИМА маблағ ҷудо шуда, он барои афзудани иқтидори истеҳсолии корхона шароити мусоид фароҳам овард. Ширкати «ZiJin Mining Group Co.Ltd» дорои 75%-и саҳмияҳои корхонаи муштараки «Зарафшон» мебошад.