Чанде қабл вохӯрии вазири молияи Тоҷикистон Сафаралӣ Наҷмиддинов ва сафири Белорус дар Тоҷикистон Олга Гаврук доир гардид.

Тавре аз котиботи Вазорати молияи ҷумҳурӣ хабар доданд, дар мулоқот оид ба масоили муҳим ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои гуногуни фаъолият табодули назар сурат гирифта, ба ҷараёни амалисозии лоиҳаҳои муштараки байнидавлатӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир шуд.

«Баррасии масъалаи ташкили роҳандозии истеҳсоли қисматии тракторҳои «Белорус» дар шаҳри Кӯлоб ва ворид намудани тағйироти зарурӣ ба созишномаи байниҳукуматӣ «Дар бораи усулҳои андозбандии ғайримустақим дар содироту воридоти маҳсулот (кор)» дар маркази таваҷҷуҳи ҷонибҳо қарор гирифт», - гуфт манбаъ.

С.Наҷмиддинов зикр кард, ки Тоҷикистон ба густаришу тақвияти ҳамкориҳои минбаъда бо Белорус манфиатдор аст.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, дар зарфи 8 моҳи соли равон ҳаҷми муомилоти молӣ миёни Тоҷикистону Белорус беш аз 56 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод, ки дар муқоиса бо нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта 14% зиёдтар аст. Дар ҳаҷми умумии муомилоти молӣ миёни кишварҳо беш аз 52 млн. доллари ИМА ба воридоти маҳсулот аз Белоррус ба Тоҷикистон рост меояд.