Дар ширкати «Газромнефт-Тоҷикистон» маросими муаррифии озмоишгоҳи санҷиши сифати маводи сӯзишворӣ доир гардид, ки барои бунёди он беш аз 1 млн. доллари ИМА масраф шудааст.

Зимни суханронӣ дар маросими мазкур муовини сардори озмоишгоҳ Зулфия Мулаянова изҳор кард, ки ин озмоишгоҳи нахустини муҷаҳҳаз бо тамоми таҷҳизоту дастгоҳи санҷиши сифати маҳсулоти нафтӣ ва гази моеъ дар Тоҷикистон аст.

«Пас аз расидани систернаи маводи сӯзишворӣ ба анбори ширкат, кормандони озмоишгоҳ аз он барои санҷиш як миқдорое гирифта, танҳо дар сурати ҷавобгӯ будани мавод ба меъёрҳо мо истифодаи онро иҷозат медиҳем», - гуфт ӯ ва ҳамчунин зикр кард, ки дар баъзе маврид сифати маводи сӯзишвории ширкат мавриди танқиди ВАО-и ҷумҳурӣ қарор гирифта буданд.

Ба қавли номбурда, қабл аз ба фурӯш баровардан маводи сӯзишвории аз корхонаи коркарди маҳсулоти нафтии Омск ба Тоҷикистон воридшуда 9 зинаи санҷиш ва гази аз Қазоқистон воридгардида 12 зинаи санҷишро мегузаранд.

Сардори Раёсати хизматгузории техникӣ ва таъмири таҷҳизоти ширкат Алексей Костиков иброз дошт, ки дастгоҳи лӯлаи бевосита ба автомашинаҳо рехтани маводи сӯзишворӣ истеҳсоли Олмон буда, дақиқона кор мекунад ва мудом дар ҳолати коршоям аст.

Қобили зикр аст, ки имрӯз аз 26 адад нуқтаи фурӯши маводи сӯзишвории ширкати «Газпромнефт-Тоҷикистон» дар пойтахт, навоҳии тобеи марказ ва минтақаи шимоли ҷумҳурӣ ҳамагӣ 13 нуқта бо таҷҳизоти зарурии муосир таъмин буда, муҷаҳҳаз сохтани нуқтаҳои фурӯши боқимонда идома дорад.