Чанде қабл дар мулоқоти вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Шариф Раҳимзода бо сафири Белорус дар Тоҷикистон Олга Гаврук масоили вазъи умумӣ ва дурнамои муносибатҳои ҳамкории дуҷонибаи иқтисодӣ миёни кишварҳо баррасӣ шуданд.

Тавре аз хадамоти матбуоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ хабар доданд, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо аз сол ба сол густариш ёфтани ҳамкориҳои иқтисодӣ байни ду кишвар изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Аз ҷумла таъкид гардид, ки гардиши мол байни ду кишвар дар соли гузашта ҳудуди 70 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод, ки нисбат ба нишондиҳандаи як сол қабл 167,4% зиёдтар аст. Дар нӯҳ моҳи соли ҷорӣ бошад, гардиши мол байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Белорус ба 60,7 млн. доллар расид ва ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 114,9% афзоиш ёфтааст.

Қобили зикр аст, ки тақрибан 90%-и ҳаҷми муомилоти молӣ миёни кишварҳоро воридоти маҳсулот аз Белорус ба Тоҷикистон ташкил медиҳад.

Дар анҷоми мулоқот таъкид гардид, ки ин дастовардҳо ҳанӯз ҳарду ҷонибро қонеъ карда наметавонанд ва дар оянда ҳамкориҳои мутақобилан судмандро дар самтҳои мухталифи иқтисод, аз ҷумла соҳаҳои комплекси агросаноатӣ ва энергетика, ташкили корхонаҳои муштарак, иштирок дар лоиҳаҳои муштараки иқтисодӣ ва ғайра мебояд тақвият бахшид.

Ёдрас мекунем, ки пеш аз ин дар мулоқоти сафир Белорус Олга Гаврук бо вазири молияи Тоҷикистон Сафаралӣ Наҷмиддинов масъалаи ташкили роҳандозии истеҳсоли қисматии тракторҳои «Белорус» дар шаҳри Кӯлоб ва ворид намудани тағйироти зарурӣ ба созишномаи байниҳукуматӣ «Дар бораи усулҳои андозбандии ғайримустақим дар содироту воридоти маҳсулот (кор)» баррасӣ шуданд.

Ҳамчунин мавриди ёдоварист, ки авввали ҳафтаи гузашта дар Душанбе ҳудуди 20 ширкатҳои белорусӣ маҳсулоти худро ба маърази тамошо гузоштанд. Дар доираи ин чорабинӣ ба хотири роҳандозии ҳамкории судманд миёни соҳибкорони тоҷику белорус як қатор гуфтушунидҳо анҷом дода шуданд.