Шӯрои мудирони Бонки ҷаҳонӣ бурс дар ҳаҷми 20 млн. доллари ИМА баҳри  дастгирии буҷети Тоҷикистонро маъқул шуморид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз намояндагии доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Душанбе иттилоъ доданд, маблағи мазкур қисмате аз силсилаҳои бурсӣ мебошанд, ки шурӯъ аз соли 2009 барои дастгирии ҳукумати Тоҷикистон дар масъалаи коҳиши таъсири буҳрони ҷаҳонии иқтисодӣ, мусоидат ба рушди устувор ва коҳиши сатҳи камбизоатӣ ихтисос дода мешаванд.

Ба иттилои манбаъ, маблағҳо дар доираи бурси ахир ба таъмини тақсимоти воситаҳои буҷетӣ ба хизматгузориҳои бахши тандурррустӣ, маориф ва ҳифзи иҷтимоӣ, беҳбуд ва такмили муҳит барои рушди бахши хусусӣ ва ҳамчунин тақвияти самаранокии фаъолияти ҳукумат ва оқилона истифода шудани захираҳои давлатӣ равона карда мешаванд.

Зимнан зикр гардид, ки кӯмаки мазкур ба Тоҷикистон дар чаҳорчӯби Стратегияи шарикӣ миёни Бонки ҷаҳонӣ ва Тоҷикистон барои солҳои 2010-2013 расонида мешавад. Тавсияҳои Гузориши марҳилавӣ муҳлати амали Стратегияро то соли 2014 дароз мекунанд.

Айни замон, сандуқи лоиҳаҳои сармоягузории Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон аз 14 лоиҳа бо ӯҳдадориҳои умумӣ дар ҳаҷми 236 млн.доллари ИМА иборат аст. Ҳиссаи бузургтарини сандуқи сармоягузориро соҳаи кишоварзӣ ва рушди деҳот (27 фоиз), баъдан бахши энергетика (24 фоиз), обтаъминкунӣ ва беҳдошт (18 фоиз), рушди инсон – маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ (24 фоиз), бахши хусусӣ (4 фоиз) ва бахши давлатӣ (2 фоиз)-ро ташкил медиҳанд.