Ҳукумати Тоҷикистон бо дархости баррасии имкони қабули барномаи нави дастгирии ҷумҳурӣ ба Хазинаи байнулмилалии асъор муроҷиат намуд. Дар ин бора директори Департаменти ХБА оид ба кишварҳои Шарқи Наздик ва Осиёи Марказӣ Масъуд Аҳмад пас аз мулоқот бо президенти Тоҷикистон ибрози назар кард.

«Умедворам, ки моҳҳои наздик дар бораи қабули барномаи нави сесола оид ба дастгирии Тоҷикистон ба мувофиқа хоҳем расид, ки идомаи барномаи пешини муваффақона амалишуда хоҳад гардид», - гуфт вай.

Ӯ зикр кард, ки ХБА ният дорад, ки Тоҷикистонро ҳам дар идомаи расонидани кӯмаки техникӣ ва ҳам тавассути пешниҳоди захираҳои молиявӣ дастгирӣ намояд.

Намояндаи ХБА изҳор кард, ки дар гуфтушунид бо сарвари давлати Тоҷикистон масоили марбут ба рушди вазъи молиявӣ ва иқтисодӣ дар ҷумҳуриву минтақа баррасӣ шуданд.

«Мо воситаҳои таъмини рушди бештар устувори иқтисодии кишварро баррасӣ кардем, то ки ин рушд ба фароҳам сохтани ҷойҳои нави корӣ мусодит намояд. Муҳайё сохтани ҷойҳои нави корӣ вобастагии иқтисоди Тоҷикистон ба маблағҳои пулии аз хориҷи кишвар интиқолёфтаро коҳиш медиҳад», - таъкид кард номбурда.

Масъуд Аҳмад ҳамчунин иброз дошт, ки дар мулоқот тарзҳои афзоиши ҳаҷми сармоягузориҳои хусусӣ дар дохили ҷумҳурӣ низ баррасӣ шуданд, ки дар навбати худ, ба фароҳам сохтани ҷойҳои нави кории иловагӣ ва рушди иқтисод оварда мерасонанд.

Ҳайати ХБА таҳти роҳбарии Масъуд Аҳмад дар доираи сафари дуҳафтаинаи намоядагони Хазина, ки аз 1-уми ноябр оғоз гардид, дар Тоҷикистон қарор доранд.