Чанде қабл вазири молияи ҷумҳурӣ Сафаралӣ Наҷмиддинов бо гурӯҳи намояндагони Хазинаи байнулмилалии асъор таҳти сарварии Ҷонатан Данн мулоқот орост.

Тавре аз котиботи Вазорати молияи ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дар мулоқот масоили марбут ба нишондиҳандаҳои буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2013 мутобиқи барномаи миёнамуҳлати устувории хароҷоти давлатӣ, хароҷоти буҷет ба эҳтиёҷоти иҷтимоӣ, андешидани чораҳо баҳри афзудани ҳаҷми даромад ва масоили сиёсати хазинаи давлатӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ба иттилои манбаъ, Ҷонатан Данн оид ба муайян кардани нишондиҳандаҳои пешакии назоратӣ дар сиёсати макроиқтисодӣ ва хазинаи давлатӣ ибрози андеша кардааст.

«Ҷонибҳо ба масоили сиёсати молияву андоз, аз ҷумла Кодекси нави андоз, вазъ ва пешгӯиҳо оид ба хизматгузорӣ ба қарзҳои хориҷӣ, мониторинги корхонаҳои давлатӣ ва муносибати ҷумҳурӣ бо дигар созмонҳои байнулмилалии молиявӣ ва ташкилотҳои бонкӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуданд», - гуфтанд дар котиботи Вазорати молия.

Қобили зикр аст, ки гурӯҳи намояндагони ХБА дар як вақт масоили самтҳои асосии сиёсати иқтисодиро бо раёсатҳои дахлдори Вазорати молияро низ баррасӣ мекунад. Сафари дуҳафтаинаи гурӯҳи намояндагони ХБА ба Тоҷикистон 1-уми ноябр оғоз гардид. Айни замон ҷонибҳо имкони роҳандозии барномаи нави сесолаи дастгирии Тоҷикистонро баррасӣ доранд. Интизорӣ меравад, ки ин барнома моҳҳои наздик таҳия ва қабул хоҳад шуд.

Муҳлати амали барномаи қаблии сесола таҳти унвони «Механизми васеи қарздиҳӣ» моҳи июли соли равон ба итмом расида, дар чаҳорчӯби он ба Тоҷикистон дар ҳаҷми беш аз 160 млн. $ қарзи имтиёзнок пешниҳод гардид.