Коршиноси масоили энергетикӣ Камолиддин Сироҷиддинов бар ин назар аст, ки агар тағйири чанде аз нишондиҳандаҳои нерӯгоҳи обӣ-барқии «Роғун» лозим ояд ҳам, Тоҷикистон ин иншоотро дар ҳама гуна ҳолат хоҳад сохт.

Ӯ мутмаин аст, ки Тоҷикистону кишварҳои поёноби минтақа дар ҳалли ин масъала ба созиш расида, нерӯгоҳи «Роғун» солҳои наздик мавриди истифода қарор мегирад. «Барои сохтмони ин иншоот воситаҳои зиёде масраф гардида, ҳеҷ кас ба гӯшаи хаёл ҳам оварда наметавонад, ки сохтмони он пурра қатъ гарда ва ҳеҷ гоҳ ҳам чунин масъалагузорӣ нахоҳад шуд», - иброз дошт вай.

Ба эътиқоди Сироҷиддинов, ҳукуматдорони Тоҷикистон бояд баҳри нигоҳ доштани нишондиҳандаҳои лоиҳаи кунунии иншоот кӯшиш ба харҷ дода, агар чунин пешниҳодот сурат гиранд ҳам, он қобили қабул нахоҳад буд, зеро ба гуанаи мисол, дар сурати ба андозаи 80 метр паст кардани сарбанди нерӯгоҳ, иқтидори истеҳсоли нерӯи барқи он дар як сол 5 млрд. кВт/соат коҳиш хоҳад ёфт.

Коршинос мегӯяд, маблағи 1,2 млрд. сомонӣ (250 млн. $)-и соли равон барои иншооти мазкур пешбинишуда барои идомаи корҳои барқароркунӣ ва кӯчонидани аҳолии дар минтақаи обанбори нерӯгоҳ қарордошта масраф хоҳанд шуд.

Дар ҳамин ҳол, раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон, энергетики касбӣ Шодӣ Шабдолов дар ин робита изҳор кард, ки корҳои барқароркунӣ дар иншоотро ҳатто ба муддати як рӯз набояд қатъ намуд ва сол то сол афзудани ҳаҷми маблағгузорӣ ба ин иншоот аз ҷониби ҳуқумат иқдоми оқилонаву дуруст аст.

«Дар масъалаи гузаронидани ташхиси лоиҳаи сохтмон гуфтаниам, ки он ангезаи сиёсӣ касб намуда, агар имрӯз Тоҷикистон ба коҳиши баландии сарбанди нерӯгоҳ розӣ шавад, тамоми баҳсҳо атрофи он хомӯш мегарданд», - мутмаин аст вакили парлумон.

Пешвои коммунистони тоҷик таъкид кард, ки ҳар як сиёсатмадори солимақлу энергетик ба хубӣ дарк мекунад, ки коҳиши баландии сарбанд ба чандин маротиба кам шудани иқтидори истеҳсолии нерӯгоҳ, афзоиши хароҷот барои нигоҳдории дастгоҳу таҷҳизоти он ва даҳҳо маротиба кам шудани самаранокии обанбори нерӯгоҳ баҳри обёрии заминҳои нави минтақа боис мегардад.

«Бонки ҷаҳонӣ на ба як ниҳоди бонуфузи байнулмилалӣ, балки ба як маҳфили сиёсӣ бештар шабоҳат дорад ва ман бовар надорам, ки ин бонк «сохтмони аср» дар Тоҷикистонро беғаразона арзёбӣ мекунад. Мутмаинам, ки сарфи назар аз ташхисҳо, мо бояд нерӯгоҳи «Роғун»-ро бо нишондиҳандаҳои қаблан пешбинишуда бунёд созем», - изҳор дошт Ш.Шабдолов.