Ширкати Gazprom International ба корҳои иктишофиву геологӣ дар майдони нафтугаздори Шоҳамбарии Ғарбӣ воқеъ дар минтақаи ғарби ҷумҳурӣ ҳусни оғоз мебахшад.

Бино ба маълумоти ширкати мазкур, ҳафтаи гузашта зимни машварати истеҳсоливу техникӣ бо иштироки мақомоти раҳбарии намояндагии Gazprom International дар Тоҷикистон ва намояндагони ташкилотҳои паймонкор дар ин бора хабар дода шуд.

Тибқи қарордоди қаблан мувофиқашуда бо Вазорати энергетка ва саноати ҷумҳурӣ, омӯзиши майдони ояндадори нафтугази мазкур то ахири соли равон шурӯъ мешавад.  «Иштирокдорони машварат нақшаи кор, имконоти техникии ташкилотҳои паймонкор ва ҳамчунин масоили марбут ба таъмини ҳуқуқиву чорабиниҳои тадорукотиро баррасӣ қарданд», - гуфта мешавад дар иттилои ширкат.

Рӯзи 14-уми сентяьбри соли равон дар Маскав зимни мулоқоти вазири энергетика ва саноати Тоҷикистон Гул Шералӣ бо директори иҷрокунандаи ширкати Gazprom International Валерий Гуляев ҷараёни татбиқ ва тавсеъаи лоиҳаҳои ширкати «Газпром» оид ба корҳои иктишофиву ҷустуҷӯии газу нафт дар майдонҳои ояндадори Тоҷикистон баррасӣ шуданд.

Ба иттилои манбаъ, дар марҳилаи аввал таҳқиқоти геологӣ гузаронида шуда, сипас интиқоли дастгоҳу таҷҳизот ва  бунёди урдӯгоҳи саҳроии сейсмикӣ сурат мегирад.

Майдони минтақаи Шоҳамбарии Ғарбӣ 247 километри мураббаъро ташкил дода, дар ноҳияи Ҳисор воқеъ аст.

Ҳамкории ҶСК «Газпром» ва ҳукумати Тоҷикистон аз соли 2008 мутобиқи Созишнома дар бораи усулҳои асосии баргузории омӯзиши геологии захираҳо дар майдонҳои нафтугаздори Тоҷикистон ба роҳ монда шудааст. Ширкати «Газпром» барои баргузор намудани таҳқиқоти захираҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон ду иҷозатнома (майдонҳои Сариқамиш ва Шоҳамбарии Ғарбӣ) дорад.