Дар зарфи 9 моҳи соли равон сатҳи таваррум дар бахши истеъмолии Тоҷикистон 6,1%-ро ташкил дод.

Бино ба маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон, моҳи октябри соли равон нархҳои истехмолӣ ва тарофаҳои хизматрасонӣ дар кишвар 0,4% афзуданд.

Суръати миёнаи моҳонаи таваррум дар моҳҳои январ-октябри соли ҷорӣ 0,61% (дар ҳамин давраи соли гузашта – 0,9%)-ро ташкил дод. Қобили зикр аст, ки дар зарфи 10 моҳи соли гузашта сатҳи таваррум дар ҷумҳурӣ 9%-ро ташкил дода буд.

Дар ҳамин ҳол, муддати 12 моҳи ахир нарху тарофаҳо дар Тоҷикистон ба андозаи 6,5% боло рафтанд.

Ёдрас мекунем, ки ҳукумат то охири  соли ҷорӣ сатҳи таваррумро дар сатҳи 10,5% нигоҳ доштанист. Аз рӯйи натиҷаҳои соли 2011 сатҳи таваррум 9,3%-ро ташкил дод. Сатҳи таварруми соли равон дар Тоҷикистонро Хазинаи байнулмилалии асъор ба андозаи 8% ва Бонки осиёгии рушд дар сатҳи 7,5% пешгӯӣ мекунанд.