Директори генералии ҶСК «НОБ-и Роғун»  Хайрулло Сафаров мутмаин аст, ки натоиҷи ташхиси Бонки ҷаҳонӣ оид ба лоиҳаи сохтмони нерӯгоҳи обӣ-барқии Роғун мусбат хоҳанд шуд.

Зимни суҳбат бо журналистон дар ин робита ӯ изҳор кард, ки Тоҷикистон бо нигоҳдории нишондиҳандаҳоли лоиҳаи мавҷуда қодир аст, ки аз мавқеи худ ҳимоят кунад. «Агар баландии сарбанди нерӯгоҳ коҳиш ёбад, аз нигоҳи иқтисодӣ он пурсамар нахоҳад буд», - иброз дошт вай.

Ӯ мутмаин аст, ки лоиҳаи мазкур ба кишварҳои поёноб ҳеҷ мушкилоте ба бор нахоҳад овард, баръакс онҳо ба дастрасии энергияи аз ҷиҳати экологӣ бештар тозаву арзон имкон пайдо мекунанд.

Номбурда бо таассуф мегӯяд, дар кишварҳои поёноб, аз ҷумла Ӯзбекистон, аз таҳқиқот дар майдони сохтмони нерӯгоҳ кам огаҳӣ доранд. «Мо хоҳони онем, ки коршиносони ӯзбек низ дар ин таҳқиқот ширкат варзида, дар бораи лоиҳа маълумоти саҳеҳу боэътимод дошта бошанд, аммо намояндагони Ӯзбекистон аз иштирок дар ду ҷаласа оид ба баррасии лоиҳаи Роғун худдорӣ намуданд», - гуфт вай.

Х.Сафаров зикр кард, ки дар маҷмӯъ аз натоиҷи арзёбии мрҳилавии лоиҳа, ки аз ҷониби ширкатҳои конслтингӣ рӯзҳои 6-7-уми ноябр дар Алмаато пешниҳод гардид, қаноатманд аст.

«Арзёбии марҳилавӣ гувоҳи он аст, ки аз нигоҳи геологӣ майдони интихобшуда ба сохтмони нерӯгоҳи бузург мувофиқ аст. Ин барои Тоҷикистон натиҷаи мусбат буда, мо устуворона ба пеш ҳаракат мекунем. Бо намояндагони ширкатҳои консалтингӣ ҳеҷ мухолифати ҷиддие мавҷуд набуда, бо онҳо мо ҳамеша робитаи зич дорем. Ҳамарӯза ду-се маротиба бо онҳо вохӯрда, паҳлӯҳои гуногуни лоиҳаро баррасӣ мекунем», - гуфт ӯ.

Ба қавли директори генералӣ, дар масъалаи кӯчонидани аҳолӣ аз макони обанбори нерӯгоҳ ва ҳамчунин баландии сарбанд баъзе ихтилофҳо ҷой доранд, «вале ҷараёни таҳқиқи лоиҳа идома дошта, тамоми масоили баҳсталаб ҳаллу фасл хоҳанд шуд».

Бино ба маълумоти ҶСК «НОБ Роғун», айни замон сухан сари кӯчонидани аҳолии 5 деҳа рафта, дар маҷмӯъ сокинони 63 деҳа ба ҷойи бехафв кӯчонида мешаванд.

Дар ҳамин ҳол, Сафров таъкид кард, ки моҳи июни соли равон ҳукумати Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ бобати боздоштани корҳои асосии сохтмонӣ дар майдони иншоот ба мувофиқа расида, шумори бинокорон аз 5,5 ҳазор то 2,5 ҳазор нафар кам карда шуд, вале минбаъд онҳо бо ҷойи корӣ дар дигар иншоот таъмин карда шудаанд.

Х.Сафаров изҳор кард, ки аввали тобистони соли оянда хулосаи ниҳоӣ оид ба лоиҳаи сохтмони нерӯгоҳи Роғун пешниҳод мегардад. Ӯ зикр кард, ки 95%-и таҷҳизот барои агрегати якум ва тақрибан 68%-и таҷҳизот барои агрегати дуюм аллакай омодаанд.

«Тоҷикистон қодир аст, ки мустақилона ду агрегати аввалро бунёд ва мавриди истифода қарор диҳад, вале мо ба иштироки дигар кишварҳо дар ин лоиҳа низ мухолиф нестем, - мегӯяд номбурда. – Бигзор иштирок кунанд, вале бастаи назоратии саҳмияҳо бояд ба ҳукумати Тоҷикистон тааллуқ дошта бошад».

Сафаров ҳамчунин иттилоъ дод, ки аз 1,1 млрд. сомонии дар буҷети давлатии соли равон барои нерӯгоҳ пешбинишуда тақрибан 600 млн. сомонӣ азхуд шудаанд.

Директори генералии иншоот қайд кард, ки аз ҳисоби фурӯши саҳмияҳо ва маблағҳои хайрия 804 млн. сомонӣ маблағ ҷамъоварӣ гардида, нисфи ин маблағ баҳри харидории таҷҳизот масраф гардидааст ва маблағи боқимонда дар суратҳисоби Вазорати молия нигоҳдорӣ мешавад.

Сафаров итминон дод, ки бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани нерӯгоҳ ва даромад ба даст овардани он, ҳар як саҳҳоми Ҷамъият ба ҳиссаи фоидаи худ соҳиб хоҳад гашт. «Саҳҳомон аз маблағҳои худ набояд дар ташвиш бошанд. Ҳамаи саҳмияҳо ба қайд гирифта шуда, дорои рақами инфиродӣ ва таҳти назорати бевоситаи мо қарор доранд», - афзуд Х.Сафаров.