Чанде қабл Шӯрои директорони Бонки ҷаҳонӣ маблағи грантии 45,9 млн. доллари ИМА-ро барои Лоиҳаи дуввуми шуғли ҷамъиятӣ ҷиҳати рушди устувори кишоварзӣ ва идоракунии захираҳои об дар Тоҷикистон ба тасвиб расонид. Зиёда аз 770ҳазор нафар аҳолии сокини дувоздаҳ ноҳияи вилояти Хатлони Тоҷикистон аз имкониятҳои шуғли муваққатӣ ва барқарорсозии инфрасохтори муҳимми ирригатсионӣ ва заҳбуру заҳкаш баҳра хоҳанд бурд.

Тавре аз намояндагии Бонки ҷаҳонӣ дар Душанбе хабар доданд, лоиҳаи нав тавассути гранти иборат аз 18 миллион долл.ИМА аз ҷониби Ассотсиатсияи байналмиллалии рушд (АБР) ва гранти иборат аз 27,9 миллион долл.ИМА, ки тавассути Барномаи фонди трастии кишоварзии ҷаҳонӣ ва таъмини амнияти озуқа пешкаш мегардад, маблағгузорӣ мешавад. Маблағгузории мазкур имконияти вусъатдиҳии лоиҳаи нахустини бомуваффақият татбиқшуда, ки тавассути он 43,000 хонавода аз ҳисоби даромад дар шакли кӯмаки иҷтимоӣ ва беҳтар шудани дастрасӣ ба обёрии замин баҳра бурданд, фароҳам хоҳад овард.

“Аз вусъат ёфтани лоиҳа ва фарогирии ноҳияҳои нави Тоҷикистон хеле хушҳолам, зеро дар ҳама ҷо амнияти озуқа барои некӯаҳволии кӯдакон ва калонсолон муҳим мебошад,” гуфт Марша Олив, Намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон. “Бо таъмин намудани шуғли муваққатӣ мо ният дорем ба хонаводаҳои деҳот на фақат дар дарёфти даромади иловагӣ кӯмак расонем, балки дастрасии онҳоро ба обёрӣ намудани заминҳояшон беҳтар намоем, то тавонанд аз заминҳои худ дар солҳои оянда ҳосили бештар ба даст оранд.”

Лоиҳа ба бевосита таъмин намудани тақрибан 22,000 нафар аҳолӣ бо кори муваққатӣ равона шудааст. Барқарорсозии инфрасохтори ирригатсионӣ ва заҳкаш дастрасии обёриро ба тақрибан 190,000 гектар замин ба манфиати 750,000 нафар аҳолии деҳот беҳтар хоҳад намуд. Дар натиҷаи амалӣ намудани лоиҳа баланд шудани ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ ба 10 фоиз дар назар аст. Лоиҳа инчунин ба ислоҳоти ҷории институтсионалӣ ва сиёсат дар идоракунии захираҳои об мусоидат мекунад. Дар минтақаҳои татбиқи лоиҳа зиёда аз 20 Ассотсиатсияи истифодабарандагони об (АИО) ташкил дода шуда иқтидори ин ва 33 АИО-и мавҷудбуда баланд бардошта мешавад.

Лоиҳаи нахустин, ки тавассути Барномаи Иттиҳоди Аврупо оид ба эътинои таъҷилӣ ба бӯҳрони озуқаворӣ дар ҳаҷми 10,01 миллион долл.ИМА маблағгузорӣ шуда буд, соли 2010 оғоз гардид. Лоиҳа дар таъмин намудани кори муваққатӣ ба 10,590 нафар аҳолии панҷ ноҳияи осебпазири вилояти Хатлон, бахусус Фархор, Қумсангир, Қубодиён, Шаҳритӯс ва Вахш кӯмак расонид. Дар натиҷа, ҳар фард даромади холиси иборат аз 230 долл.ИМА-ро ба даст оварда дастрасӣ ба 44,276 гектар заминҳои корами обӣ беҳтар гардид. Он дар навбати худ ба афзоиши на кам аз 5 фоизаи истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба монанди биринҷ, сабзавот, картошка ва гандум дар ноҳияҳои лоиҳавӣ оварда расонид.

Айни замон, сандуқи лоиҳаҳои сармоягузории Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон аз 16 лоиҳа бо ӯҳдадориҳои холис дар ҳаҷми тақрибан 275 млн. доллари ИМА иборат аст. Ҳиссаи бузургтарини сандуқи сармоягузориро соҳаи кишоварзӣ ва рушди деҳот (27 фоиз), баъдан бахши энергетика (24 фоиз), обтаъминкунӣ ва беҳдошт (18 фоиз), рушди инсон – маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ (24 фоиз), бахши хусусӣ (4 фоиз) ва бахши давлатӣ (2 фоиз)-ро ташкил медиҳанд.