Чанде қабл дар Риёз вохӯрии сафири Тоҷикистон дар Мамлакати Арабистони Саудӣ Абдулло Юлдошев бо Котиби генералии Шӯрои палатаҳои саудӣ Умар Боҳулайва сурат гирифт.

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар сӯҳбат роҳҳои густариши минбаъдаи ҳамкориҳои тиҷоратӣ ва иқтисодӣ байни намояндагони бахшҳои хусусии иқтисоди ҳарду кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ба иттилои манбаъ, ҳамчунин перомуни доир намудани ҳамоиши соҳибкорони Тоҷикистону Саудия табодули назар анҷом дода шуд.