Имрӯз дар бинои осмонбӯси пойтахт - МД «Душанбе-Плаза» маросими тантанавии супоридани ҷоизаҳои озмунҳои «Элитаи бизнеси Тоҷикистон» ва «10 менеҷери беҳтарини Тоҷикистон» баргузор мегардад. Ташаббускори озмун Ассотсиатсияи Миллии менеҷерон ва маркетингшиносон мебошад.

Бино ба маълумоти созмондиҳандагони озмун, максади баргузории озмун - баланд бардоштани эътибори соҳибкории ватанӣ тавассути менеҷерон-идоракунандагони болаёқат аст.

Дар озмуни «Элитаи бизнеси Тоҷикистон» ғолибон дар номинатсияҳои: «Кашфиёти сол», «Боварї», «Шарики боэътимод», «Сифат», «Тамғаи мо», «Инноватсия», «Масъулияти иҷтимоии бизнес», «Бизнес-стил», «Пешсафи минтақа», «Музаффарият» ва дар озмуни «10 беҳтарин менеҷери Тоҷикистон» дар номинатсияҳои: «Бонуи соҳибкор», «Менеҷери ояндадор», «Роҳбари ҷӯянда», «Роҳбари пурмањсул», «Роҳбари навовар» муайян гардиданд.

Лауреатњои озмуни  «Элитаи бизнеси Тоҷикистон» инҳо мебошанд: КВД "Ширкати  алюминии тоҷик", ҶДММ «Аспендос Тревел», ҶДММ "Алкон - Душанбе", ҶДММ "БДО", ҶДММ "Вавилон-Т", ҶДММ  "ДОРО", ҶДММ "Мир ФОТО",  ҶДММ "Об- Ҳаёт", ҶДММ "Орзманд инжиниринг", ҶДММ "Ред Лайн", ҶДММ "РУХОМ",  ҶДММ "Текстил-Сити", ҶДММ "Тоҷ Сохтмон Байналмиллал", ҶДММ "Тоҷик - Мармар", ҶСП  "Гулистон", ҶСП  "Комбинати шири Душанбе", ҶСП "Рос-Азия Инвест", ҶСП "Таҷам", ҶСК "Авитсенна", ҶСК "Мурғи Ҳилол"

Лауреатҳои озмуни  «10 менеҷери беҳтарини Тоҷикистон»: Искандарӣ Ҳодӣ Саид - ҶДММ "Об-Ҳаёт", Шералишо Кабиров - КВД "Ширкати алюминии тоҷик", Нуралӣ Ниёзов  - ҶСП "ТАДЕС", Маҳмадалӣ Одинаев -ҶСК "Мурғи Ҳилол" Файзобод, Тоҷидин Пиров - ҶСП "Тоҷиксодиротбонк",   Нуринисо Рустамова - ҶСП ТДХ (ЗАО МДО) «Боварӣ ва Ҳамкорӣ», Зайд Саидов - Ассотсиатсияи истеҳсолкунандагон ва соҳибкорони Тоҷикистон, Хазаралӣ Cаидов - ҶСП "Комбинати шири Душанбе", Игор Умаров - ҶСП "Таҷам", Беҳзод Файзуллоев - ҶДММ "Вавилон-Т".

Озмунҳои «Элитаи бизнеси Тоҷикистон» ва «10 менеҷери беҳтарини Тоҷикистон» бо мақсади ошкор ва тарғиб намудани сарварони соҳаи соҳибкори, таҳкими рақобати солим дар бозор, баланд бардоштани обрӯи ширкатҳои ватанӣ ва рейтинги инвеститсионӣ, вусъат додани фаъолияти тиҷоратӣ, оммавигардонии ғояҳои масъулияти иҷтимоии бизнес гузаронида шуданд.