Чанде қабл бо иштироки нахуствазири ҷумҳурӣ Оқил Оқилов ҷаласаи ҳукумати кишвар доир гардид, ки дар он лоиҳаи Созишномаи воридоти маҳсулоти нафтӣ миёни Тоҷикистону Русия мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Тавре аз Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дар ҷаласа зикр гардидааст, ки ба Созишномаи мазкур Тоҷикистон дигар тағйироте пешниҳод намекунад, зеро Русия мавқеи худро тағйир надод ва ин баррасии ниҳоӣ пеш аз имзои созишнома буда, натиҷаи он шояд рӯзҳои наздик эълон карда шаванд.

Қобили зикр аст, ки дар робита ба банди 7-и ин созишнома дар бораи манъи содироти дубораи маҳсулоти нафтии Русия,  Тоҷикистон изҳор карда буд, ки ин банд ҳатмӣ нест, зеро дар чаҳорчӯби ИДМ ва Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ЕврАзЭС) миёни кишварҳо Созишнома дар бораи манъи содироти дубора ба имзо расидааст.

Ёдрас мекунем, ки аввали моҳи октябри соли равон миёни Тоҷикистону Русия дар бораи воридоти маҳсулоти нафтии Русия ба Тоҷикистон бидуни пардохти боҷи содиротӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид. Қаблан Тоҷикистон лоиҳаи созишномаро бо иловаҳо ба Русия фиристода буд, вале Вазорати энергетикаи Русия посух дод, ки дар мавқеи худ боқӣ мемонад.

Тибқи баъзе маълумот, маҳз масъалаи дубора ба кишварҳои сеюм интиқол нашудани маҳсулоти нафтии Русия ба бенатиҷа анҷом ёфтани гуфтушуниди ҷонибҳо оид ба таҳияву имзои созишнома дар ин хусус боис гардидааст.

Ҳамчунин мебояд гуфт, ки ҳиссаи маҳсулоти нафтии Русия дар бозори сӯзишвории Тоҷикистон тадриҷан аз 95%-и соли 2010 соли равон то ҳудуди 50% поин рафт.

Дар ҳамин ҳол, ҳодисаҳои қочоқи бензин аз кишвари ҳамсояи Қирғизистон зиёд шуда, ҳиссаи ин кишвар дар воридоти расмии сӯзишворӣ ба Тоҷикистон аз 0,5%-и соли гузашта соли ҷорӣ то 12% боло рафт, зеро маҳсулоти нафтии Русия бидуни боҷи содиротӣ ба Қирғизистон ворид гардида, нархи он нисбат ба Тоҷикистон пасттар мебошад.