Дар сурати аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон қабул шудани қарори тасдиқи Созишнома дар бораи воридоти маҳсулоти нафтии Русия ба Тоҷикистон бидуни боҷи содиротӣ, он моҳи январи соли оянда ба имзо мерасад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, лоиҳаи созишномаи аз ҷониби Русия фиристода баррасӣ ва тасдиқ шуда, пас аз қабули қарори ҳукумат дар ин хусус, он барои имзо пешниҳод мегардад, вале санаи мушаххаси он ҳанӯз маълум нест.

«Агар созишнома моҳи январ ба имзо расад, мо кӯшиш хоҳем кард, ки бо Русия масъалаи ҳарчӣ зудтар, яъне бидуни интизории 60 рӯзи дар созишнома зикршуда бекор кардани боҷи содиротиро мувофиқа намоем», - гуфтанд дар вазорат.

Қобили зикр аст, ки ҳукумати Тоҷикистон пас аз баррасӣ лоиҳаи созишномаи байниҳукуматӣ дар бораи таҳвили маҳсулоти нафтӣ бидуни боҷи содиротиро тасдиқ намуда, барои қабули қарор ҷиҳати имзои минбаъда омодагӣ мегирад. Дар робита ба банди созишнома дар мавриди манъи дубораи маҳсулоти нафтии Русия ба кишварҳои сеюм (реэкспорт) зикр гардид, ки он дар таркиби созишнома бидуни тағйирот боқӣ мемонад.

Тибқи мувофиқаи пешакӣ, дар як сол Русия Тоҷикистонро бидуни боҷи содиротӣ бо 1 млн. тонна маҳсулоти нафтӣ таъмин мекунад, ки аз нисф зиёди онро бензин ташкил хоҳад дод.

Ёдрас мекунем, ки аввали моҳи октябри соли равон миёни Тоҷикистону Русия дар бораи воридоти маҳсулоти нафтии Русия ба Тоҷикистон бидуни пардохти боҷи содиротӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид. Қаблан Тоҷикистон лоиҳаи созишномаро бо иловаҳо ба Русия фиристода буд, вале Вазорати энергетикаи Русия посух дод, ки дар мавқеи худ боқӣ мемонад.

Тибқи баъзе маълумот, маҳз масъалаи дубора ба кишварҳои сеюм интиқол нашудани маҳсулоти нафтии Русия ба бенатиҷа анҷом ёфтани гуфтушуниди ҷонибҳо оид ба таҳияву имзои созишнома дар ин хусус боис гардидааст.

Ҳамчунин мебояд гуфт, ки ҳиссаи маҳсулоти нафтии Русия дар бозори сӯзишвории Тоҷикистон тадриҷан аз 95%-и соли 2010 соли равон то ҳудуди 50% поин рафт.

Дар ҳамин ҳол, ҳодисаҳои қочоқи бензин аз кишвари ҳамсояи Қирғизистон зиёд шуда, ҳиссаи ин кишвар дар воридоти расмии сӯзишворӣ ба Тоҷикистон аз 0,5%-и соли гузашта соли ҷорӣ то 12% боло рафт, зеро маҳсулоти нафтии Русия бидуни боҷи содиротӣ ба Қирғизистон ворид гардида, нархи он нисбат ба Тоҷикистон пасттар мебошад.