Бобати баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ба мусофирон аз ибтидои моҳи феврали соли ҷорӣ дар фурудгоҳи байналмилали Душанбе таксиҳои Ширкати «Asian Express Airline» ба фаъолият шурӯъ намуданд.

Тавре котиби матбуотии ФБД Муҳаммадюсуф Шодиев хабар дод, таксиҳои ширкат мошинҳои замонавӣ буда, махсус барои мусофирбарӣ омода шудаанд. Ҳоло дар шаҳри Душанбе 40 адад мошини ҳамсон машғули коранд, ки 20 адад рӯзона ва 20 адад шабона фаъолият менамоянд.

Хусусияти хоси ин таксиҳо дар он аст, ки дар салон ҳисобкунак насб гардида, баробари ба роҳ баромадан ҳар км-и тайкарда ба ҳисоб гирифта мешавад. Алъон нархи як км роҳи тайкарда рӯзона 2.10 дирам ва шабона 2.50 дирамро ташкил менамояд.  

Ширкати «Asian Express Airline» фаъолияти худро дар бахши мусофирбарӣ ба роҳ монда, дар назар аст оянда доираи хизматрасонҳоро боз ҳам васеъ намояд. Мизоҷон метавонанд барои даъвати такси ба рақами 16-16 занг зада, соати муайяни хизматрасониро барои худ фармоиш кунанд. Таксиҳои замонавӣ ҳусни пойтахтро зеб бахшида, амнияти мусофиронро таъмин менамояд, гуфт зимни сӯҳбат ронанда Зафар Соқибеков.

Дар назар аст, ки ояндаи наздик, ҳавопаймоҳои ширкати «Asian Express Airline» низ ба хизматрасонӣ шурӯъ хоҳанд кард.