Чанде қабл муовини раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон (ПСС ҶТ) Лариса Кислякова бо президенти гурӯҳи ширкатҳои турки «Тугур» Иброҳим Канпулот гуфтушунид кард. Ширкатҳои гурӯҳи мазкур ба истеҳсоли маҳсулоти ғизойӣ ва сохтмони роҳу пулҳо машғул буда, ҳамчунин дар бахши сайёҳӣ низ фаъолият доранд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти ПСС ҶТ, тоҷири туркӣ дар бораи фаъолияти ширкатҳои гурӯҳ маълумот дода, изҳор намуд, ки бо дастрасии қарз аз бонки туркӣ, бунёди як корхонаи ордкашӣ дар Тоҷикистон имкон дорад.

Ба иттилои манбаъ, ҷонибҳо ҳамчунин якчанд воситаҳои имкопазири роҳандозии ҳамкориҳо бо вазорату идораҳои дахлдори Тоҷикистонро баррасӣ намуданд. Дар навбати худ, Кислякова баррасии масъалаи ҳамкориҳо бо минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» аз ҷониби ин ширкатҳоро пешниҳод кард, зеро барои фаъолият дар қаламрави он бисёр афзалияту имтиёзҳо пешбинӣ шудаанд.