Рӯзи 27-уми июни соли равон вазири энергетика ва саноати Тоҷикистон Гул Шералӣ дар конфронси байналмилалӣ таҳти унвони «Энергияи атомӣ дар асри 21» дар шаҳри Санкт-Петербург суханронӣ кард.

Бино ба иттилои шуъбаи котиботи Вазорати энергетика ва саноати ҶТ, Г.Шералӣ зимни суханронӣ қайд намуд, ки яке аз мавзуъҳои конфронс истифодаи самаранок ва осоиштаи энергияи атомӣ дар ҷаҳон хеле муҳим арзёбӣ мегардад.

Ҳамчунин дар маърӯза таваҷҷуҳ намудани кишварҳо ба масъалаи амнияти экологии ҷаҳони муосир, аз ҷумла минтақа ва дар ин робита зарур будани андешидани тадбирҳо, аз қабили таҳияи барномаҳои оптималии мониторинг, назорати доимии муҳити зист, фазо, обҳои рӯизаминӣ, зеризаминӣ, экосистемаҳо ва ғайра зикр гардид.

Вазири энергетика ва саноати Тоҷикистон изҳори итминон намуд, ки дар ҳамоҳангӣ амалӣ гардидани ҳамкориҳои кишварҳои иштирокчиёни конфронс барои ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи байналмилалӣ ба масъалаҳои энергияи атомӣ ва қарорҳои қабулшавандаи ин чорабинӣ баҳри истифодаи осоиштаи энергияи атомӣ дар ҷаҳони имрӯз мусоидат хоҳад кард.