Ҳамасола аз Покистон 1,7 миллион тонна семент ба Тоҷикистон ворид мегардад, ки аз 75% то 80%-и ҳиссаи бозори сементи кишварро ташкил медиҳад.

Тавре 5-уми июл дар як нишасти матбуотӣ раиси Анҷумани истеҳсолгарони сементи Покистон Муҳаммад Иқбол хабар дод, Покистон минбаъд низ омода аст содироти сементи худро ба Тоҷикистон густариш бидиҳад, агар эҳтиёҷ ба ин навъи масолеҳ мавҷуд бошад.

Тавре мавсуф тавзеҳ дод: «Бар хилофи он ҳама овозаҳое, ки тибқи онҳо сифати сементи покистонӣ паст аст, мехоҳам зикр кунам, ки мо тибқи меъёрҳои байналмилалӣ кор мекунем ва ҳар як миқдори семент аз санҷиши лабораторӣ мегузарад». Вай афзуд, ки Покистон шомили панҷгонаи пешсафон-содироткунандагони сементи ҷаҳон аст ва 27 кишвари оламро бо семент таъмин менамояд».

Намояндагони корхонаҳои истеҳсоли сементи Покистон низ дар кори нишасти матбуотӣ иштирок доштанд. Онҳо тавзеҳ доданд, ки аз фурӯши семент на фақат маблағ ба даст меоранд, балки он мошинҳои боркаше, ки ба Тоҷикистон семент ворид месозанд, холӣ набаромада бо маҳсулоти кишоварзӣ ва пахта пур карда мешаванд.

Яке аз соҳибкорони покистонӣ гуфт: «Корхонаҳои сементбарории мо аз тариқи ангишт фаъолияти худро ба роҳ мемонанд ва семент тавлид мекунанд. Мо воқифем, ки Тоҷикистон захираҳои бузурги ангишти хушсифатро дорост ва бисёр мехостем бо ҳукумати Тоҷикистон барои таҳвили бетаваққуфи ангишти тоҷик ба Покистон созишнома бандем».

«Тоҷикистон барои мо аҳамиятнок аст ва мо мехостем минбаъд касбу кори тиҷории худро дар ин кишвар рушду равнақ диҳем. Мехостем, дар Тоҷикистон як корхонаи сементбарорӣ бунёд намоем, аммо, татбиқи ин лоиҳа сармоягузории зиёдро талаб мекунад. Маблағи сармоягузорӣ аз 200 миллион доллар боло таъриф мешавад, ки айни ҳол дарёфт ва ҷудо кардани чунин маблағ имконнопазир аст»,- иброз дошт Муҳаммад Иқбол.

Нархи бозории сементи Покистон дар бозори дохилии Тоҷикистон 1 ҳазору 60 сомонӣ ё андак бештар аз 200 доллар барои як тонна арзёбӣ мешавад. Арзиши корхонаии сементи покистонӣ дар кишвари истеҳсолкунанда ҳудуди $65 барои як тонна аст.

Тибқи омори Вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон, талаботи умуми солонаи Тоҷикистон ба семент 3 миллион тоннаро ташкил медиҳад. Аз ин миқдор наздики 1,7 миллион тоннаш аз Покистон ворид мегардад, боқимонда бошад аз Қазокистон ва Эрон интиқол меёбад, ҳамчунин дар дохили кишвар низ ин намуди масолеҳ бароварда мешавад.

Имсол бо сабаби аз кор мондани бузургтарин корхона - «Тоҷиксемент» истеҳсоли семент дар Тоҷикистон хеле коҳиш ёфт. «Тоҷиксемент» бо сабаби адами гази табиӣ, ки таҳвили он аз Узбекистони ҳамсоя охири соли 2012 қатъ гардид, фаъолияти худро мутаваққиф кардааст.

Моҳҳои январ ва майи соли 2013 дар Тоҷикистон 16,9 ҳазор тонна семент истеҳсол карда шудааст, ки нисбати 89,9 ҳазор тонна сементи ҳамин давраи соли 2012 ба 73 ҳазор тонна камтар аст.