Бонки авруосиёии рушд (БАОР) ва Бонки осиёгии рушд (БОР) ба лоиҳаҳо дар қаламрави Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон 3 млрд. доллари ИМА маблағгузорӣ мекунанд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти БАОР, ҳайати ин бонк таҳти раҳбарии раиси раёсат Дмитрий Панкин бо сафари корӣ аз БОР боздид намудааст.

Роҳбари БАОР Дмитрий Панкин бо президенти БОР Такехико Накао маҷмӯи васеи масоили марбут ба густариши ҳамкориҳо байни ду ниҳоди рушд дар самти фаъолият дар лоиҳаҳоро баррасӣ намуда, оид ба табодули таҷриба ва ташхис дар ин соҳа созиш ҳосил кардаанд.

«Ҷонибҳо Созишномаи қолабӣ дар бораи маблағгузории муштаракро ба имзо расониданд, ки самтҳои асосӣ ва механизмҳои ҳамкории мутақобила дар кишварҳои узви БАОР ва БОР-ро муайян мекунад. Дар санад зикр мегардад, ки бонкҳо ба амалисозии лоиҳаҳо дар қаламрави Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон маблағгузорӣ мекунанд», - қайд мешавад дар маълумот.

Таъкид мешавад, ки бо ин мақсад аз ҷумла БОР 2 млрд. доллари ИМА ва БАОР 1 млрд. доллари ИМА маблағ ҷудо мекунанд.