Дар робита ба афзоиши ҳаҷми содироти гази моеъ ба хориҷи кишвар, Қазоқистон нархи онро боло бурд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Вазорати энергетикаи ин кишвар, ахиран дар минтақаҳои ҷудогонаи Қазоқистон камбуди ин навъи сӯзишворӣ ба мушоҳида расида, бинобар сабаби нархи баланди яклухти гази моеъ дар кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла Русия - 59019 танга (170 $) ва Тоҷикистон - 104864 танга (304 $) барои 1 тонна, сӯзишворӣ ба ин бозорҳо бештар интиқол меёбад, зеро барои истеҳсолкунандагон фурӯш дар ин бозорҳо фоидаовартар аст.
«Дар чанде аз минтақаҳои кишвар камбуди гази моеъ ба вуҷуд омада, аз ин рӯ, бо мақсади таъмини устувори бозори дохилӣ бо ин навъи сӯзишворӣ, арзиши яклухти он аз 11033 танга (32$) то ба 23106 танга (67$) боло бурда шуд», - омадааст дар хабар.
Қобили зикр аст, ки Қазоқистон яке аз кишварҳои асосии таъминкунандаи бозори Тоҷикистон бо гази моеъ маҳсуб меёбад.
Тибқи маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, тӯли 6 моҳи соли ҷорӣ ба Тоҷикистон 163,3 ҳазор тонна гази моеъ ворид карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6,1% зиёд буда, қариб 70%-и аз ҳаҷми умумии гази моеъи воридшуда - ба Қазоқистон, беш аз 25% - ба Русия ва боқимонда - ба Туркманистон рост меояд.
Дар ҳамин ҳол, мувофиқи маълумоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ, айни замон беш аз 60%-и воситаҳои нақлиёти Тоҷикистон ба сифати сӯзишворӣ аз гази моеъ истифода мекунанд.




Аз НБО "Роғун" то муҳоҷират. Масоиле, ки давоми соли 2025 сархати расонаҳо буданд
Аз “таассуф” то “пушаймонӣ”. Амрико аз 66 созмону эътилофи байналмилалӣ хориҷ мешавад
Дар ду сол 328 хоҷагӣ аз минтақаҳои хавфнок ба ҷойҳои амн кӯчонида шудаанд
Маҷлиси намояндагон дар соли 2025 беш аз 48 млн сомонӣ харҷ кардааст. Ин маблағ ба куҷо сарф шуд?
Бозхонди фурӯши баъзе аз ғизои кӯдаконаи тамғаи “NAN” дар Тоҷикистон
Ҷаримаи беш аз 13 ҳазор кас барои риоя накардани қоидаҳои беҳдоштӣ
Тоҷикистонро заминларзаи 5,3 дараҷаӣ такон дод
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Хошарӯб”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 2
Сафорати Амрико дар Тоҷикистон боздошти муваққатии “Green Card”-ро расман тасдиқ кард
Раиси Кумитаи рушди маҳал нав шуд. Камолиддин Муминзод кист, дар мансаби пешинааш чӣ кард ва акнун чӣ нақшаҳо дорад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста