Шумори дорандагони кортҳои пластикии «Амонатбонк» дар вилояти Суғд ба санаи 1 июли соли 2016 ба беш аз 304 ҳазор нафар расид.
Аз филиали БДА «Амонатбонк» дар вилояти Суғд ба «Азия-Плюс» иттилоъ доданд, ки имрӯз кормандони корхонаву ташкилотҳои ҳамаи 18 шаҳру навоҳии вилоят музди меҳнаташонро тариқи кортҳои пластикии «Амонатбонк» дастрас мекунанд.
«Нафақахӯрони 11 шаҳру навоҳии вилоят, ки шуморашон 172 ҳазор нафар ё худ 56,6% аз шумори умумии дорандагони кортҳои «Амонатбонк»-ро ташкил медиҳад, низ нафақаашонро тавассути кортҳои ин бонк мегиранд», - гуфт манбаъ.
Ба иттилои манбаъ, то охири сол роҳандозии пардохти нафақаи бознишастагони ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Конибодом ва Ҷаббор Расулов низ бо кортҳои «Амонатбонк» дар назар аст.
Зимнан зикр гардид, ки айни замон дар қаламрави минтақаи шимоли ҷумҳурӣ 44 адад банкоматҳои махсус, 185 адад посттерминалҳо ва 144 адад марказҳои хизматрасонии БДА «Амонатбонк» амал мекунанд.




“Ба назди мардум меравам”. Раиси тозатаъини Кӯлоб кист ва чӣ нақша дорад?
Дар Хатлон як мардро барои бо барқ куштани ҳамсараш 21 сол зиндонӣ кардаанд
Дар ҳолати мастӣ, ташкили пойга ва бе ҳуҷҷати ронандагӣ. Барои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ чӣ ҷарима таъин мешавад?
Ду ҳавопаймо дар Хуҷанд фуруд омада натавониста, дар фурудгоҳҳои Душанбе ва Самарқанд нишастаанд
Таъмиру навсозии агрегатҳои НБО “Қайроққум” пурра ба охир расидааст
Роҳбари Театри миллӣ муайян шуд. Манучеҳр Шарифзода кист ва Театри миллӣ чӣ вазифа дорад?
То $15 ҳазор гаравпулӣ. Шарти нави ИМА аз тоҷикистониҳо барои дарёфти “виза”-и Амрико
“Бо "селофан" буғӣ кардааст”. Як зан дар Хуросон барои куштори духтари сесолааш 18 сол равонаи зиндон шуд
Ба оилаи ду афсари зимни задухӯрд дар марз бо Афғонистон кушташуда хона доданд
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Хошарӯб”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 1
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста