Бонки байналмилалии Тоҷикистон дафтари асосии кории нави худро боз намуд, ки дар паҳлӯи чорроҳаи бинои Кумитаи гумрук (наздикии “Дом печати”) воқеъ аст.
Сохтмони бино бо риояи меъёрҳои байнулмилалӣ сурат гирифта, дар дохили бино барои бароҳату дар сатҳи баланд анҷом додани хизматрасонӣ ба мизоҷон тамоми шароитҳо фароҳам оварда шудааст.
Дар бонки мазкур ба мо хабар доданд, ки ба рушди касбии кормандони муассиса таваҷҷуҳи хосса зоҳир мешавад, чунки онҳо арзишмандтарин дороии бонк мебошанд.
Дар маросими ифтитоҳи бино раҳбарияти Бонки байналмилалии Тоҷикистон, намояндагони Бонки миллии ҷумҳурӣ, муштариён ва шарикони Бонк, ҳамчунин дигар меҳмонони воломақом ширкат варзиданд.
Муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳамидулло Машрабзода қайд кард, ки Бонки байналмилалии Тоҷикистон яке аз бонкҳои ҷавон ва дар ҳоли рушд қарордошта буда, дар давраи нисбатан кӯтоҳи фаъолият бо пешниҳоди хизматгузориҳои хушсифат эътимоди мизоҷонро ба даст овард.
“Бовар дорем, ки минбаъд доираи хизматгузории Бонк густариш ёфта, ҳамин тариқ бонк ба рушди низоми бонкӣ дар ҷумҳурӣ, бахусус пешравиҳо дар низоми пардохти ғайринақдӣ бо истифода аз технологияҳои муосир саҳми худро мегузорад”, - иброз дошт Ҳамидулло Машрабзода.
Ба қавли муовини раиси Раёсати Бонки байналмилалии Тоҷикистон Дилафрӯз Холиқова, бонк ҳамеша мақсад дорад, ки талаботи мизоҷонро ошкор ва онҳоро қаноатманд намояд.
“Мо аз муштариёни худ миннатдорем, ки бо мо бовар карда, хизматгузориҳои ин бонкро интихоб карданд. Рӯи ҳарчи беҳтар кардани хизматрасониҳоямон минбаъд низ талош мекунем”, - қайд кард Дилафрӯз Холиқова.
Бонки байналмилалии Тоҷикистон айни замон дорои 8 филиал ва 5 марказҳои хизматрасонӣ дар минтақаҳои кишвар буда, шумори кормандонаш беш аз 230 нафарро ташкил медиҳад. Бонк узви низомҳои байнулмилалии пардохт, аз қабили VISA, UnionPay, Золотая Корона, Контакт ва Корти Миллӣ мебошад.
Осонӣ, шаффофият ва эътимоднокӣ сармашқи фаъолияти Бонки байналмилалии Тоҷикистон аст.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.
Сарбозони дар артиши Тоҷикистон зарардида чӣ гуна ҷуброн метавонанд дастрас кунанд?
Имсол дар Иди ғалаба гузашти ҳарбӣ доир намешавад
Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин бо Сафири Арабистони Саудӣ
Мақомоти Тоҷикистон барои расидагӣ ба мушкили муҳоҷирон ба фурудгоҳҳо рафтанд
“Ҳоҷиҳо, ришдорон ва ба Туркия рафтаҳо ихроҷ шуданд”. Нақли муҳоҷирони аз Русия ихроҷшудаи тоҷик
Даргузашти фарҳангшиноси маъруф ва мунаққиди синамо Саъдулло Раҳимов
Лотереяи Green-Card: акнун метавонед бисанҷед, ки бурд кардед ё не
Се медали ҷудокорони тоҷик дар рӯзи якуми мусобиқаи Dushanbe Grand Slam 2024
Путин Эмомалӣ Раҳмонро ба Маскав даъват кард. Суҳбати роҳбарони ду давлат дар пайи мушкилоти муҳоҷирони тоҷик дар Русия
Мушкили шадиди дастрасӣ ба иттилоъ. Идомаи фишор ба расонаҳо ва рукуди озодии баён
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста