Таҳлилгарони Бонки авруосиёии рушд (БАОР) афзоиши нисбатан зиёди иқтисодро дар соли оянда байни кишварҳои узви ин бонки байниминтақавӣ пешгӯйӣ мекунанд.
Дар Дурнамои рӯзи 26 ноябр чопшудаи макроиқтисодии БАОР қайд мешавад, ки сатҳи афзоиши иқтисоди Тоҷикистон дар соли оянда 6,1%, Арманистон - 4,9%, Қазоқистон - 4,4%, Қирғизистон - 3,7% ва Русия - 3,2%-ро ташкил хоҳад дод.
Пешгӯйӣ мешавад, ки то охири соли равон рушди иқтисоди Тоҷикистон аз 7,5% дар соли 2019 то 4,5% коҳиш хоҳад ёфт.
Соли 2020 рушди иқтисод дар Қирғизистон 7,5%, Арманистон - 6,4%, Русия - 4%, Қазоқистон - 3% ва Беларус - 1,5% пешбинӣ мешавад.
“Динамикаи иқтисодиёти Тоҷикистон дар солҳои 2021–2022 бо таъсири манфии пандемияи COVID-19 ва равандҳои барқарорсозии минбаъда муайян карда мешавад. Дар солҳои 2021 ва 2022 бо беҳтар шудани вазъи иқтисодии ҷаҳон афзоиши ММД-и кишвар мутаносибан ба 6,1% ва 7,4% дастгирӣ хоҳад ёфт”, - чунин мешуморанд коршиносони бонк.
Гуфта мешавад, хавфҳои геополитикӣ, аз ҷумла таҳримоти кишварҳои ғарбӣ нисбат ба Русия метавонанд ба иқтисоди Тоҷикистон таъсир расонанд.
“Хавфҳои дохилӣ дар давраи миёнамӯҳлат маҳдуд боқӣ мемонанд”, - бар ин назаранд муаллифони Дурнамо.
Дар маҷмӯъ, зикр мегардад дар Дурнамо, иқтисоди кишварҳои узви БАОР дар соли 2021 ба марҳилаи рушди иқтисодӣ ворид мешаванд.
“Сабукшавии маҳдудиятҳо дар ҷаҳон ва давлатҳои минтақа бо мурури пешрафт дар мубориза бо пандемия омили асосии эҳёи фаъолияти иқтисодӣ хоҳад буд. Аз сабаби суст будани талабот ба сармоягузорӣ ва қисман нигоҳ доштани фосилаи иҷтимоӣ, раванди барқарорсозии пурраи ММД-и давлатҳои минтақа то ба сатҳи пеш аз бӯҳрон тӯлонӣ хоҳад буд. Анҷоми он дар Қазоқистон дар нимаи дуюми соли 2021, дар Русия, Қирғизистон ва Арманистон - дар нимаи аввали соли 2022 ва дар Беларус - дар соли 2023 дар назар аст. Хавфҳои пешгӯии БАОР баланд ва нисбатан ба самти бадшавии арзёбӣ боқӣ мемонанд”, - илова мекунанд таҳлилгарони БАОР.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Боз 47 зану кӯдаки тоҷикро аз Сурия ба Тоҷикистон баргардониданд
“Акнун ба Чин меравам”. Ҷорӣ шудани низоми раводид бо Туркия ба тоҷирони тоҷик чӣ таъсир дорад?
Арзиши роҳкиро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?
Валентина Матвиенко: “Роҳбарияти Русия нақшаи шадид кардани қонунгузорӣ нисбати муҳоҷиронро надорад”.
Навору хабар фиристед. ВКД аз шаҳрвандон хост, барои пешгирӣ ва ошкор кардани ҷинояту ҷинояткорон ҳамкорӣ кунанд
“АСАН хидмат” - Инноватсия дар соҳаи таъмини хизматрасонии давлатӣ
“Системаи вайрон” ё таъсири терракт дар “Крокус”? Муҳоҷирони тоҷикро намегузоранд аз Қазоқистон вориди Русия шаванд
Тоҷикистон содироти металл ва сангҳои қиматбаҳоро 1251 баробар зиёд кард
“Боиси нигаронӣ нест!” Кумитаи рушди сайёҳӣ хатари бемории “тоун”-ро дар Саратоғ расман шарҳ дод
Имзои шартномаҳо байни соҳибкорони Тоҷикистону Италия ба маблағи зиёда аз 160 млн доллар
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста