Ҳукумати Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо (ИА) дар бораи ҷалби захираҳои молиявӣ барои идомаи сохтмони Неругоҳи барқи обии Роғун гуфтушунид дорад, хабар дод муовини якуми вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Ҷамшед Шоимзода зимни нишастии хабарии имрӯза дар Душанбе.
Ба гуфтаи Шоимзода, ҳозир дар бораи як маблағи мушаххас чизе гуфтан барвақт аст, зеро ҷараёни гуфтушунид ҳоло ба охир нарасидааст.
Муовини аввали вазир зикр кард, ки дар баробари Иттиҳоди Аврупо бо дигар кишвару созмонҳои мададрасони молиявии дуҷониба ва бисёрҷониба, аз ҷумла Бонки ҷаҳонӣ низ гуфтушунид ҷараён дорад.
Зимнан зикр шуд, ки Тоҷикистон бо Ӯзбекистону Қазоқистон дар бораи интиқоли барқ аз неругоҳи Роғун ёёдоштҳо ба имзо расонид, ки ба ҷалби маблағҳои мадарасонон дар ин самт таъсири мусбат хоҳад расонид.
Гап сари он аст, ки яке аз масъалаҳои боздорандаи ҷалби маблағ аз ниҳодҳои молиявии байнулмилалӣ муайян набудани бозори мушаххаси фурӯши барқи неругоҳи Роғун мебошад.
Аввали соли равон намояндаи доимии Бонки осиёии рушд (БОР) дар Тоҷикистон Шенни Кэмпбелл ба “Азия-Плюс” изҳор дошта буд, ки ҳукумати Тоҷикистон охири соли гузашта вохӯриро бо мададрасонони байнулмилалӣ созмон дода, дар он масъалаи маблағгузорӣ ба лоиҳаи сохтмони неругоҳи “Роғун” баррасӣ шуд.
“Аммо, - изҳор дошт вай. -Бар асоси пажӯҳишҳои Бонки Ҷаҳонӣ, ҳанӯз ҳам саволҳои зиёде дар мавриди тарҳи Роғун вуҷуд доранд, ки пеш аз маблағгузорӣ ба ин лоиҳа мададрасонон бояд ба онҳо посух бигиранд”.
Аз ҷумлаи чунин масоил Шенни Кэмпбелл масъалаҳои харид, таъмини чораҳои муҳофизатӣ ва дарёфти бозори фурӯши нерӯи барқро номбар кард.
Қобили зикр аст, ки қаблан Афғонистон ва Покистон ба сифати бозорҳои асосии фурӯши барқи неругоҳи Роғун баррасӣ мешуданд. Лекин бо сари ҳокимият омадан толибон дар Афғонистон моҳи августи соли гузашта, ки Тоҷикистон то ҳол онҳоро ба расмият нашинохтааст, дар мавриди интиқоли барқ аз Тоҷикистон тариқи хати интиқоли барқи CASA-1000 нофаҳмиҳо ба миён омаданд.
Ёдрас мекунем, ки хабаргузории бритониёии Reuters ҳафтаи гузашта бо истинод ба намояндагони расмии Иттиҳоди Аврупо хабар дод, ки Бонки аврупоии сармоягузорӣ ният дорад, ки сармоягузори бузургтарини неругоҳи барқи обии “Роғун” шавад.
Ёдрас мекунем, ки дар ҳоли ҳозир тарҳи нерӯгоҳи “Роғун” танҳо аз ҳисоби давлат маблағгузорӣ мешавад, ки он ба идомаи ҳамаҷонибаи сохтмон кофӣ нест.
Бино ба маълумоти Вазорати молия, соли 2022 ба сохтмони нерӯгоҳ тақрибан 2,5 млрд сомонӣ (220 млн доллар) равона мешавад. Аз оғози идомаи сохтмон (аз соли 2008) то соли ҷорӣ баҳри иҷрои корҳо дар сохтмони неругоҳи “Роғун” 37,7 млрд сомонӣ харҷ шудааст.
Айни замон ду гидроагрегати неругоҳи “Роғун” кор мекунанд. Дар маҷмӯъ насби 6 агрегат дар толори мошинҳо ба нақша гирифта шудааст, ки иқтидори лоиҳавии ҳар кадоме аз онҳо 600 МВт-ро ташкил медиҳад. Дар назар аст, ки сохтмони неругоҳ соли 2033 пурра ба анҷом расад.
Сарбозони дар артиши Тоҷикистон зарардида чӣ гуна ҷуброн метавонанд дастрас кунанд?
Имсол дар Иди ғалаба гузашти ҳарбӣ доир намешавад
Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин бо Сафири Арабистони Саудӣ
Мақомоти Тоҷикистон барои расидагӣ ба мушкили муҳоҷирон ба фурудгоҳҳо рафтанд
“Ҳоҷиҳо, ришдорон ва ба Туркия рафтаҳо ихроҷ шуданд”. Нақли муҳоҷирони аз Русия ихроҷшудаи тоҷик
Даргузашти фарҳангшиноси маъруф ва мунаққиди синамо Саъдулло Раҳимов
Лотереяи Green-Card: акнун метавонед бисанҷед, ки бурд кардед ё не
Се медали ҷудокорони тоҷик дар рӯзи якуми мусобиқаи Dushanbe Grand Slam 2024
Путин Эмомалӣ Раҳмонро ба Маскав даъват кард. Суҳбати роҳбарони ду давлат дар пайи мушкилоти муҳоҷирони тоҷик дар Русия
Мушкили шадиди дастрасӣ ба иттилоъ. Идомаи фишор ба расонаҳо ва рукуди озодии баён
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста