Дар соли 2023 арзиши патент барои муҳоҷирони корӣ, ки дар Маскав фаъолият мекунанд, то ба 6600 рубл боло бурда мешавад. Дар ин бора муовини сардори раёсати сиёсати иқтисодӣ ва рушди шаҳри Маскав, сардори шӯъбаи таҳлили андоз Дарья Мурченко хабар додааст, менависад хабаргузории “Фергана”.
“Дар соли 2022 маоши расмии муҳоҷирони корӣ дар соҳаҳои анъанавии онҳо 11,5% афзоиш ёфтааст. Дар робита ба ин, пешниҳод мешавад, ки арзиши патент мутаносибан дар як моҳ то 6600 рубл зиёд карда шавад”, - гуфтааст Дарья Мурченко.
Ҳоло муҳоҷирони хориҷие, ки дар Маскав кор мекунанд моҳона 5900 рубл барои патент пардохт мекунанд.
Қаблан мақомоти чанд минтақаи дигари Русия аз болоравии нархи патент дар соли 2023 хабар дода буданд. Масалан, дар Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград арзиши ҳуҷҷат аз 4200 то 4400 рубл дар як моҳ афзоиш хоҳад ёфт. Хориҷиёне, ки дар вилояти Самара кор мекунанд, бояд 5720 рубл ба ҷойи 4419 рубли қаблӣ пардохт кунанд.
Мақомоти Тоҷикистон барои расидагӣ ба мушкили муҳоҷирон ба фурудгоҳҳо рафтанд
“Ҳоҷиҳо, ришдорон ва ба Туркия рафтаҳо ихроҷ шуданд”. Нақли муҳоҷирони аз Русия ихроҷшудаи тоҷик
Даргузашти фарҳангшиноси маъруф ва мунаққиди синамо Саъдулло Раҳимов
Лотереяи Green-Card: акнун метавонед бисанҷед, ки бурд кардед ё не
Се медали ҷудокорони тоҷик дар рӯзи якуми мусобиқаи Dushanbe Grand Slam 2024
Путин Эмомалӣ Раҳмонро ба Маскав даъват кард. Суҳбати роҳбарони ду давлат дар пайи мушкилоти муҳоҷирони тоҷик дар Русия
Мушкили шадиди дастрасӣ ба иттилоъ. Идомаи фишор ба расонаҳо ва рукуди озодии баён
Сафири Британияи Кабир дар Тоҷикистон иваз шуд
Тоҷикистониён кадом расонаҳоро бештар пайгирӣ мекунанд?
Маоши кам сабаби тарки соҳа кардани мутахассисон дар Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ шудааст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста