Сатҳи рушди иқтисод дар Тоҷикистон аз рӯи натиҷаҳои семоҳаи сеюми соли равон аз 8,9% дар ҳамин давраи соли 2021 то ба 7,8% кам шуд, хабар медиҳад Агентии омори ҷумҳурӣ.

Муҳаррики асосии рушди иқтисоди Тоҷикистон дар соли равон бахши кишоварзист, ки 25,5% (23,2% - ҳамин давраи соли гузашта) ба ҳиссаи он рост меояд. Ҳиссаи саноат баръакс 1 банди фоизӣ - аз 18,7% дар моҳҳои январ-сентябри соли 2021 то ба 17,7% коҳиш ёфтааст.

Дар рушди иқтисоди кишвар ҳамчунин саҳми савдо (15%), андоз (9,7%) ва сохтмон (8,5%) низ нисбатан зиёд аст.

Мувофиқи Стратегияи миллии рушд барои солҳои 2016-2030, ҳукумат ният дорад, ки то оғози даҳсолаи минбаъда Тоҷикистонро ба кишвари индустриалӣ-аграрӣ табдил диҳад. Барои ин тақвияти иқтидорҳои саноатӣ ва энергетикӣ ва кам кардани вобастагии иқтисоди кишвар ба бахши кишоварзӣ ба нақша гирифта шудааст.

Ба ақидаи коршиносон, ҳиссаи саноат дар кишварҳои навъи иқтисодашон индустриалӣ-аграрӣ бояд ҳадди ақал аз се як ҳиссаи Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-ро ташкил дода, бар ҳиссаи бахши кишваорзӣ афзалият дошта бошад.

Вазири рушди иқтисод ва саноати Тоҷикистон Завқӣ Завқизода ҷараёни табдили Тоҷикистони аграрӣ-индустриалиро ба кишвари индустриалӣ-аграрӣ мусбат арзёбӣ мекунад.

“Тайи солҳои ахир тамоили афзоиши ҳиссаи саноат дар сохтори ММД-и ҷумҳурӣ ба назар мерасад”, - гуфт вазир ба “Азия-Плюс”.

Ба гуфтаи ӯ, соли 2021 ҳиссаи саноат дар сохтори ММД 18,2%-ро ташкил дода, тибқи ҳисоби Вазорати рушди иқтисод ва савдо, то соли 2025 ин нишондиҳанда ба 26% ва то соли 2030 - ба 30% мерасад.

Ин пешгӯии хушбинонаро вазир ба эълон шудани солҳои 2022-2026 ҳамчун панҷсолаи рушди саноат асоснок мекунад.

Вазир таъкид дошт, ки дар доираи ин панҷсола барои расидан ба ҳадафҳои ҳукумат талошҳо сурат гирифта, лозим меояд, ки дар робита бо бахши хусусӣ корҳоро ба роҳ монд.

“Тамоил нишон медиҳад, ки мо муваффақона ба ҳадафҳои гузоштаи ҳукумат хоҳем расид”, - илова намуд Завқизода.

Ёдрас мекунем, ки моҳи марти соли гузашта саноатикунонӣ (индустриализатсия)-и иқтисоди Тоҷикистон ҳадафи чоруми стратегии ҳукумати ҷумҳурӣ эълон шуд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.