Ширкати электротехникии Миср - Elsewedy Electric ният дорад, ки дар Тоҷикистон як неругоҳи барқи обӣ (НБО), инчунин корхонаи нави трансформаторҳо, истеҳсоли кабелҳо ва дигар техникаю таҷҳизот дар соҳаҳои энергетикаи барқӣ ва алоқа созад.

Тавре ки хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад, ин масъалаҳо дар вохӯрии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбари Ширкати мисрии Elsewedy Electric Аҳмад Ал-Сувейдӣ баррасӣ шуданд. Вохӯрӣ рӯзи якшанбеи ҳафтаи гузашта дар шаҳри Шарм-уш-Шайх дар ҳошияи Иҷлоси 27-уми Конфронси ҷонибҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим (КОП-27) баргузор шуд.

Гуфта мешавад, аз ҷониби роҳбарияти Ширкат дар ҳамкорӣ бо Вазорати саноат ва технологияҳои нав ва Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон мувофиқаҳои пешакӣ ҳосил шудааст.

Инчунин роҳандозии “ҳамкорӣ дар татбиқи лоиҳаҳои гуногуни истеҳсолӣ, зербиноӣ ва тиҷоратӣ дар соҳаҳои саноат, энергетика, алоқа, обёрӣ, кишоварзӣ ва технологияҳои сабз” ба нақша гирифта шудааст.

Гуфта мешавад, сохтмони корхонаи истеҳсоли трансформатор дар маркази маъмурии вилояти Хатлон - шаҳри Бохтар пешбинӣ гардида, лекин ҷойи сохтмон ва иқтидори неругоҳи барқии обӣ, ки аз ҷониби ширкати Миср сохта мешавад, зикр нашудааст.

Қобили зикр аст, ки тобистони соли равон Ӯзбекистон ба корҳои пешакии сохтмони НБО “Ёвон” дар дарёи Зарафшон бо иқтидори 140 мегаватт оғоз бахшид.

Нархи ҳисобшудаи ин неругоҳ 282 млн доллар арзёбӣ шуда, дар назар аст, ки ҳамасола дар он 700-800 млн кВт/соат неруи барқ истеҳсол мешавад.

Ҳамчунин раҳбарияти ҳар ду кишвар дар бораи сохтмони НБО-и дуюм дар дарёи Зарафшон бо иқтидори пешакии 180 МВт ба мувофиқа расиданд.

Қаблан бо иштироки Русия ва Эрон дар Тоҷикистон неругоҳҳои барқи обии “Сангтӯда-1” (иқтидораш 670 МВт) ва “Сангтӯда-2” (иқтидораш 220 МВт) сохта шуда буданд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.