Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) дар бораи ба охир расидани муҳлати амали иҷозатномаҳои ду низоми пардохт - MoneyGram Payment Systems, Inc. ва БЭСТ хабар медиҳад.
Бино ба иттилои шуъбаи матбуоти Бонки миллӣ, бинобар сабаби ба охир расидани муҳлати амали иҷозатнома фаъолияти MoneyGram Payment Systems, Inc. (МаниГрам Пеймент Системс, Инк) қатъ мешавад.
Бо ҳамин сабаб амали иҷозатномаи ширкати “БЭСТ”, ки моҳи августи соли 2019 дода шудааст, низ қатъ мегардад.
Дар ин робита, идораи низоми пардохт уҳдадор гардид, ки дар Феҳристи операторони низоми пардохтӣ сабтҳои дахлдорро ворид намояд.
Мувофиқи маълумоти БМТ, то ин дам дар Феҳристи операторони низоми пардохтӣ 17 номгӯй зикр шуда буд. Акнун шумори онҳо 2 адад кам мешавад, яъне 15 ададро ташкил медиҳад.
Қобили зикр аст, ки дар кишвар 4 низоми пардохти ватанӣ (Корти милли, Осон, Атласпэй, ExpressPay) амал карда, боқимонда - низомҳои байнулмилалии пардохтӣ, аз ҷумла Western Union, Visa, Mastercard, CONTACT, Юнистрим UnionPay, MoneyGram, БЭСТ мебошанд.
Афғонистон аз ҳуқуқи овоздиҳӣ дар СММ барои пардохт накардани аъзоҳаққӣ маҳрум шуд
Вазири корҳои дохилии Русия: “Муҳоҷирон ҳамагӣ ба 4%-и ҷиноятҳо даст доранд”
Дар Тоҷикистон кӯдакон дигар идгардак намекунанд
Кӣ ва чӣ тавр ба тоҷикон дар Русия кӯмак мекунад?
КҲФ боз аз хатари омадани селҳо огоҳ кард
Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар Хатлон 100% иҷро шуд
Вазорати меҳнат: Барои кор дар Британия ба ширкатҳои иҷозанадошта муроҷиат накунед!
Кумитаи андоз исми 16 блогерро нашр карда гуфт, онҳо ба "соҳибкории ғайриқонунӣ машғуланд"
Дар орзуи шароити хуби корӣ. Кӯҳнадӯзони Хуҷанд дар барфи зимистону гармои тобистон чӣ кор мекунанд?
Тоҷикистон барои сохтмони пули дарозтарин дар кишвар қарз дарёфт кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста