Дар муқоиса бо моҳи декабри соли гузашта содироти неруи барқ аз Тоҷикистон дар моҳи январи соли равон ба андозаи беш аз 1,3 млн доллар зиёд шуд.

Дар моҳи аввали соли ҷорӣ аз Тоҷикистон ба кишварҳои ҳамсоя ба маблағи зиёда аз 4,3 млн доллар неруи барқ интиқол дода шуд, ки қариб 50% зиёдтар нисбат ба моҳи январи соли 2022 мебошад, хабар медиҳад Агентии омор.

Раҳбарияти ширкати “Барқи тоҷик” итминон медиҳад, ки мутобиқи шартномаҳои имзошуда, дар мавсими тирамоҳу зимистон барои дар ҳолати коршоям нигоҳ доштани хатҳои интиқоли барқ ва дигар таҷҳизот, неруи барқ дар ҳаҷми начандон зиёд танҳо ба Афғонистон интиқол дода мешавад.

Аммо 19 январи ҳамин сол хадамоти матбуоти “Шабакаҳои барқии минтақавӣ”-и вилояти Сурхондарёи Ӯзбекистон хабар дод, ки дар шароити сармои шадид барои таъмини мунтазами аҳолӣ ва иншооти соҳаи иҷтимоӣ бо барқ, “интиқоли иловагии барқ” аз кишвари ҳамсояи Тоҷикистон оғоз гардид.

Баъдан, 14 феврал раиси “Барқи тоҷик” Маҳмадумар Асозода зимни нишасти матбуотӣ тасдиқ кард, ки дарвоқеъ ҳам моҳи январ аз Тоҷикистон ба Ӯзбекистон, инчунин Қирғизистон дар ҳаҷми начандон зиёд неруи барқ содир шуд.

Инро ӯ омода кардани низоми энергетикии Тоҷикистон барои пайваст шудан ба Низоми муттаҳидаи электроэнергетикии Осиёи Марказӣ маънидод кард.

Ба гуфтаи ӯ, барои барқарор кардани фаъолияти муштараки низоми энергетикии Тоҷикистон бо низоми минтақавӣ талаботи муайян вуҷуд дорад. Қаблан Вазорати энергетикаи ҷумҳурӣ хабар дод, ки ҷараёни ҳамроҳшавии шабакаҳои барқи қисмати марказии Тоҷикистон ба низоми минтақавӣ тариқи хатҳои интиқоли барқи Ӯзбекистон на дертар аз моҳи апрели соли ҷорӣ ба итмом мерасад.

Дар ҳамин ҳол, ҳанӯз  аз аввали давраи тирамоҳу зимистон интиқоли барқ ба аҳолии деҳоти Тоҷикистон маҳдуд мешавад. Ширкати “Барқи тоҷик” муддати тӯлонӣ ҳар гуна маҳдудиятро рад мекард, аммо дар охири моҳи январ хабар дод, ки бинобар сабаби норасоии захираҳои обу энергетикӣ, аз 1 феврал интиқоли барқ маҳдуд мешавад. Дар хабар зикр шуда буд, ки маҳдудият ба шаҳрҳои нисбатан калони ҷумҳурӣ дахл надорад.

Роҳбари ширкати “Барқи тоҷик” як ҳафта пеш дар нишасти матбуотӣ изҳор намуд, ки бекор шудани реҷаи маҳдуди истифодаи барқ ба шароити обуҳаво ва захираҳои об вобаста аст.

Бино ба маълумоти Агентии омори ҷумҳурӣ, соли 2022 аз Тоҷикистон ба хориҷи кишвар ба маблағи зиёда аз 106 млн доллар неруи барқ содир шудааст, ки 10,6% зиёдтар нисбат ба соли 2021 аст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.