Тоҷикистон барои пешбурди соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди миллӣ бо Корпоратсияи Байналмилалии Исломии Маблағгузории Савдо (ITFC) ба маблағи умумии 100 млн доллари ИМА созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид. Дар ин бора аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” иттилоъ доданд.

Ба гуфтаи манбаъ, ин созишнома рӯзи 12 май миёни Завқӣ Завқизода, вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон ва Ҳани Салем Сонбол, роҳбари Корпоратсияи Байналмилалии Исломии Маблағгузории Савдо (ITFC) дар шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саудӣ ба имзо расидааст.

Аз вазорат гуфтанд, Завқӣ Завқизода имкониятҳои зиёди сармоягузорӣ ва рушди бахши хусусии кишварро муаррифӣ намуда, аз роҳбари Корпоратсия дархост намуд, ки ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди миллӣ, аз ҷумла тақвияти иқтидори содиротии кишвар, таъсиси корхонаҳои нассоҷӣ ва истеҳсоли маҳсулоти ҳалол, марказҳои логистикӣ, рушди савдо ва сайёҳӣ, бонкдории анъанавию исломӣ ва тақвияти иқтидори бахши хусусӣ маблағгузориро зиёд намояд.

Сурат: Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ

Дар навбати худ Ҳани Салем Сонбол омодагии худро барои татбиқи лоиҳаҳо дар самтҳои зикршуда, инчунин тақвияти ҳамкориҳои минбаъда баён намудааст.

“Дар доираи мулоқоти мазкур байни Вазири рушди иқтисод ва савдо бо роҳбари Корпоратсияи Байналмилалии Исломии Маблағгузории Савдо ва Корпоратсияи Исломии Рушди бахши хусусӣ ба маблағи умумии 100 миллион доллари ИМА Созишномаи ҳамкорӣ барои самтҳои зикргардида ба имзо расонида шуд”, - гуфтанд дар вазорат.

Ёдовар мешавем, ки то имрӯз аз ҷониби Корпоратсияи байналмилалӣ лоиҳаҳои сармоягузорӣ ба маблағи 182 млн доллар дар Тоҷикистон татбиқ шуда, айни замон 3 лоиҳа ба маблағи 18 млн. доллар амалӣ мегардад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.