Маълумоти оморӣ дар бораи ҳаҷми интиқоли пул аз ҷониби муҳоҷирони корӣ аллакай якчанд сол аст, ки бурда намешавад, хабар дод роҳбари КВД Бонки амонатгузории Тоҷикистон “Амонатбонк” Сироҷиддин Икромӣ дар нишасти матбуотии рӯзи 8 август.

Ба гуфтаи Икромӣ, ин кор барои он мушкил шуд, ки тарзҳои гуногуни интиқоли ин маблағҳо рӯйи кор омаданд.

“Пештар ин маблағҳо унвонӣ ирсол мешуданд ва мо медонистем, ки ин аз муҳоҷирон аст. Ҳозир пул аз телефон ба телефон, аз корт ба корт гузаронида шуда, муайян кардан душвор аст, ки ин маблағи соҳибкорон аст ё муҳоҷирон”, - шарҳ дод ӯ.
Раиси "Амонатбонк" Сироҷиддин Икромӣ
Сурат: Asia-Plus

Мақомоти марбутаи Тоҷикистон дар давоми аллакай зиёда аз 10 сол аз пешниҳоди маълумот ба рӯзноманигорон дар бораи ҳаҷми пули фиристодаи муҳоҷирони корӣ худдорӣ меварзанд, ҳарчанд қонунгузорӣ ин маълумотро махфӣ намешуморад.

Собиқ раиси Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) Абдуҷаббор Ширинов ҳанӯз соли 2013 дар ин робита изҳор дошта буд, ки «ман доир ба интиқоли маблағҳо чизе гуфтанӣ нестам, зеро ин масъала метавонад ангезаи сиёсӣ касб кунад».

Дар ҳамин ҳол, ӯ маълумот додан дар бораи бар асоси кадом санадҳои қонунгузорӣ қабул шудани ин қарорро рад кард.

Раиси собиқи дигари Бонки миллии ҷумҳурӣ Ҷамшед Нурмаҳмадзода соли 2019 аз рӯзноманигорон даъват кард, ки ба пули муҳоҷирон таваҷҷуҳи хосса зоҳир накунанд.

“Биёед ба пули муҳоҷирон бисёр таваҷҷуҳ намекунем. Магар иқтисолди мо ба ҷуз пули муҳоҷирон дигар ҳеҷ чиз надорад”, - савол ба миён гузошта буд ӯ.

Маълумот дар бораи ҳаҷми интиқоли пули муҳоҷирон қаблан ҳар семоҳа дар сомонаи Бонки марказии Русия нашр мешуд. Аммо аз соли 2022 ин маълумот бо сабабҳои номаълум чоп намешавад.

Маълумот дар бораи ҳаҷми интиқоли маблағи муҳоҷирон аз ҷониби баъзе ниҳодҳои байнулмилалии молиявӣ ба нашр мерасид, лекин бо таъхири хеле зиёд.

Ба ин тариқ, маълумот дар бораи интиқоли пули муҳоҷирони тоҷик дар соли 2022 моҳи июни соли ҷорӣ аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ нашр шуд. Дар гузориши ин ниҳод дар бораи иқтисоди Тоҷикистон гуфта мешавад, соли гузашта ҳаҷми ин маблағҳо 5,2 млрд долларро ташкил додааст, ки ба 49%-и Маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар баробар аст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.