Қисмати даромади буҷети давлатии Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли равон зиёда аз 19,8 млрд сомонӣ (беш аз 1,8 млрд доллар)-ро ташкил дод, хабар медиҳад Вазорати молияи ҷумҳурӣ.

Ин рақам 5,2% ё худ 1 млрд сомонӣ (92 млн доллар) зиёдтар аз нақшаи тасҳеҳшуда аст. Ҳиссаи воридоти андоз 63% - 12,6 млрд сомониро ташкил дод.

Аз ҷумла, ҳаҷми андозҳои дохилӣ ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ, ки ба ҷамъоварии он Кумитаи андоз машғул аст, зиёда аз 8,5 млрд сомониро ташкил доданд, ки 594 млн сомонӣ зиёдтар аз нақшаи тасҳеҳшуда мебошад.

Дар ин давра 4,1 млрд сомонӣ пардохтҳои гумрукӣ ҷамъоварӣ шудааст, ки 450 млн сомонӣ ё худ 12,1% бештар аз нақшаи тасдиқшуда мебошад.

Мутахассисон интизорӣ доштанд, ки Кодекси андози аз соли 2022 мавриди амал қароргирифта дар марҳилаи аввал ба коҳиши ҳиссаи андоз дар даромади буҷет боис мегардад, зеро баъзе меъёрҳо кам шуданд.

Иқтисодчиёни Бонки ҷаҳонӣ дар гузориши чанде қабли худ зикр карда буданд, ки касри буҷети Тоҷикистон дар соли 2022 асосан аз ҳисоби маблағгузорӣ аз хориҷа рӯйпӯш мешуд.

“Каср қисман аз ҳисоби грантҳои шарикони рушд ва воридоти ғайриандозии бештар баланд ҷуброн шуд”, - зикр шуда буд дар гузориш.

Таҳлилгарони Бонки ҷаҳонӣ ва Хазинаи байнулмилалии асъор ба ҳукумати Тоҷикистон тавсия дода буданд, ки давра ба давра аз имтиёзҳои сершумори вобаста ба андоз даст кашад.

"Ин метавонад заминаи андозро васеъ карда, нобаробариро кам кунад", - зикр шуда буд дар Гузориши хароҷоти давлатии Тоҷикистон.

Тибқи маълумоти Кумитаи андози кишвар, соли 2022 бинобар пешниҳоди имтиёз ва сабукиҳои гуногун дар пардохти андоз ба ин ё он соҳаҳои афзалиянок ва бахшҳои иқтисоди кишвар, пардохтҳо ба маблағи 2,7 млрд сомонӣ (ҳудуди 248 млн доллар) ба буҷет ворид нашуданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.