Имрӯз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ барои оғози бунёди корхонаҳои истеҳсоли маҳсулоти гилию сафолӣ, хишти сабук ва оҳак санги асос гузоштанд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвраи давлат, корхонаҳои мазкур дар хиёбони Рӯдакӣ бунёд ёфта, дар он истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ, аз ҷумла навъҳои гуногуну хуштарҳи сафолак, серанит барои оро додани қисматҳои гуногуни иншоот ва хишти сабук (газоблок) роҳандозӣ мегардад.

Гуфта мешавад ки пас аз бунёд гардидани корхонаҳо онҳо иқтидор доранд, ки дар як сол 3 млн метри мураббаъ маснуоти гилӣ, яъне сафолак, 3 млн 500 ҳазор метри мукааб маснуоти сафолӣ (серанит), 200 ҳазор метри мукааб хишти сабук (газоблок) ва 250 ҳазор тонна оҳак истеҳсол намоянд.

Истихроҷу коркарди оҳаксанг дар корхонаи алоҳида, ки дар доираи ҳамин лоиҳа дар деҳаи Харангони ноҳияи Варзоб бунёд мегардад, роҳандозӣ мешавад. Коргоҳи истеҳсоли оҳаксанг дар масоҳати 4 гектар замин дар назди кони оҳаксанг бунёд ёфта, барои роҳандозии сикли пурраи истеҳсолот ва истифодаи самараноки ашёи хоми маҳаллӣ мусоидат хоҳад кард.  

Иншооти мазкур аз ҷониби ҶСП “Сантайлс” бунёд мегардад. Пас аз сохта ба истифода додани корхонаҳои мазкур дар маҷмӯъ дар 2 баст зиёда аз 520 нафар соҳиби ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб хоҳанд гашт. 

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.