Ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистону Афғонистон дар зарфи 7 моҳи соли ҷорӣ ҳудуди 56,5 млн долларро ташкил додааст, ки 17,9% камтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 аст, хабар медиҳад Агентии омори кишвар.

Давоми моҳҳои январ-июли соли гузашта ҳаҷми савдои дуҷониба байни кишварҳо 68,6 млн долларро ташкил дода буд.

Зиёда аз 98% аз ҳаҷми умумии гардиши молу маҳсулот миёни Тоҷикистону Афғонистон ба мисли солҳои пешин ба содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба Афғонистон рост меояд.

Дар ҳамин ҳол, дар муқоиса бо соли гузашта имсол интиқоли молу маҳсулот аз Тоҷикистон ба Афғонистон ба андозаи 16,5% - аз 66,7 млн доллар то ба 55,7 млн доллар кам шуд.

Бо вуҷуди ин, Афғонистон яке аз бозорҳои асосии фурӯши молу маҳсулоти Тоҷикистон боқӣ монда, аз рӯи ин нишондиҳанда танҳо аз Қазоқистону Чин, Туркия, Русия ва Ӯзбекистон қафо мемонад.

Ҳиссаи Афғонистон дар ҳаҷми умумии содироти Тоҷикистон дар зарфи 7 моҳи соли равон аз 4,9% дар ҳамин давраи соли гузашта то 7,3% зиёд шудааст.

Ин чунин маънидод мешавад, ки ҳаҷми умумии содироти Тоҷикистон дар моҳҳои январ-июли соли ҷорӣ дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта коҳиш ёфтааст: аз қариб 1,4 млрд доллар то 767 млн доллар.

Маҳсулоти асосие, ки Тоҷикистон ба Афғонистон интиқол медиҳад, неруи барқ аст. Ҳамчунин ба кишвари ҳамсоя дар ҳаҷми начандон зиёд баъзе навъҳои масолеҳи сохтмон, дар навбати аввал семент ва маҳсулоти хӯрокворӣ интиқол дода мешаванд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.