Сардори Саридораи геологияи назди ҳукумати Тоҷикистон Илҳом Оймуҳаммадзода натиҷаи корҳои геологии иктшофиро дар соли 2023 умедворкунанда номид.

Имрӯз, 30 январ зимни нишасти матбуотии ин ниҳоди зери раҳбариаш  ӯ хабар дод, ки аз ҷумла дар ин давра дар зуҳуроти сурмаи Ривути Боло дар қаламрави ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ду минтақаи маъдани масофаашон то 1500 метр муқаррар шудааст.

Дар зуҳуроти сурмаи Офтобӣ минералҳои парокандаи антимонит бо ошкор намудани минтақаи минералноки сурма муайян шудаанд.

Ба гуфтаи Оймуҳаммадзода, дар кони Ривути Боло захираҳои пешакии сурма ҳисоб карда шудаанд. Саридораи геология тавсия медиҳад, ки минбаъд дар объекти мазкур корҳои ҷустуҷӯю арзёбӣ ва иктишофи қаблӣ ба роҳ монда шаванд, зеро натиҷаҳои бадастомада ба яке аз конҳои калонтарин табдил додани онро тасдиқ мекунанд.

Айни замон ба истихроҷи сурма дар Тоҷикистон дар конҳои сурмаи Ҷиҷикрут корхонаи муштараки “Анзоб” машғул аст.

Соли гузашта дар Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ хабар дода буданд, ки захираҳои тасдиқшудаи сурма дар Тоҷикистон тақрибан 600 ҳазор тоннаро ташкил медиҳанд.

“Захираҳои нисбатан назарраси сурма дар конҳои маъдани Ҷиҷикрут ва Канчоч мавҷуданд”, - зикр карда буданд дар Вазорат.

Сардори Саридораи геология Илҳом Оймуҳаммадзода зимни нишасти матбуотии имрӯза аз ҳаҷми захираҳо дар кони “Ривути Боло” маълумот надода, танҳо зикр кард, ки “он бузургтарин дар Осиёи Макрказӣ аст ва ҳамагӣ каме ҳаҷмаш намерасад, ки дар ҷаҳон якум шавад”.

Тибқи маълумоти ҶСК «Вниизарубежгеология» (Пажуҳишгоҳи геологияи кишварҳои хориҷӣ), аз лиҳози захираҳои кашфшудаи сурма ва истихроҷи он Тоҷикистон дар ҷаҳон зинаи дуюм ва миёни кишварҳои ИДМ - мақоми аввалро ишғол мекунад.

Бино ба маълумоти Хадамоти геологии ИМА (USGS), аз рӯи истеҳсоли сурма Тоҷикистон дар ҷаҳон зинаи сеюмро ишғол намуда, дар як сол ҳудуди 15 ҳазор тонна ин нимфулузот (нимметалл) истеҳсол мекунад.

Аз рӯи маълумоти расмӣ, соли 2019 дар Тоҷикистон ҳудуди 16 ҳазор тонна аз ин нимфулузот (нимаметалл) истеҳсол шуд. Нишондиҳандаи зиёдтар аз ин дар Русия (30 ҳазор тонна) ва Чин (100 ҳазор тонна) аст.

Дар ҳамин ҳол, истеҳсоли сурма дар Русия тайи солҳои ахир дар як сатҳ боқӣ монда, дар Тоҷикистон дар ҳоли афзоиш аст. Дуруст аст, ки маҳз чӣ гуна дар ҳоли афзоиш будани ҳаҷми истеҳсол маълум набуда, ин омор дар Гузоришҳои омории Агентии омори Тоҷикистон зикр намешавад (барои соли 2019 “Азия-Плюс” маълумотро бо дархости хаттӣ аз Вазорати саноат дарёфт кард).

Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоти Хадамоти гумруки Тоҷикистон, соли 2022 ҳаҷми содироти сурма 9,3 ҳазор тонна ба маблағи 102,3 млн доллар ва соли 2023 - зиёда аз 10,6 ҳазор тонна ба маблағи ҳудуди 107 млн долларро ташкил додааст.

Президенти Тоҷикистон дар паёми худ моҳи декабри соли 2023 ба ҳукумат супориш дод, ки ба масъалаи истихроҷ ва коркарди сурма таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намоянд. ““Азхудкунӣ ва то маҳсулоти ниҳоӣ коркард намудани сурмаро мо имрӯз бояд аз вазифаҳои асосии худ донем”, - гуфт Эмомалӣ Раҳмон.

Сурма дар куҷо истифода мешавад?

Тобистони соли 2022 нашрияи амрикоии Defense News навишта буд, ки ИМА сурмаро асосан аз Чин ва дар ҳаҷми начандон зиёд аз Русия гирифта, “Тоҷикистон мавқеи худро дар бозори ҷаҳонӣ ба сифати кишвари сеюми таҳвилгари сурма мустаҳкам мекунад”.

Муаллифони гузориш таъкид дошта буданд, ки сурма барои саноати мудофиавии ИМА аҳаммияти ҳалкунанда дорад. Он дар меҳвари тиру силоҳ ва муҳимоти ҷангӣ ва ҳатто дар аслиҳаи ҳастаӣ (ядроӣ), инчунин барои истеҳсоли дигар техникаи таъиноти ҳарбӣ, аз қабили дастгоҳҳои биниши шабона истифода мешавад.

Мутахассисон бар ин назаранд, кии омехтаи сурма ва сурб сахтӣ ва мустаҳкамии механикии онҳоро зиёд мекунад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.