Дар Тоҷикистон аз 1 январи соли 2024 тарифҳои об барои обёрӣ дар бахши кишоварзӣ ба андозаи 150% зиёд шуданд.

Ба гуфтаи мутахассисон, ин ба арзиши аслии маҳсулот таъсири манфӣ расонида, он боз гаронтар мешавад. Бахусус ин ба зироатҳое чун пахта ва шолӣ, ки оби бисёр талаб мекунанд, дахл дорад.

Аммо, аз тарафи дигар, агар тарифҳо баланд намешуданд, ҳолати бахши оби Тоҷикистон, ки бе ин ҳам вазъияташ хеле душвор аст, боз ҳам мушкилтар мешуд.

Чаро тарифҳо боло рафтанд?

Директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди ҳукумат Зафарбек Давлатзода зимни нишасти матбуотии ҳафтаи гузашта хабар дод, ки агар соли гузашта истифодабарандагони он барои 1 метри мукааб ҷиҳати обёрии заминҳои худ 2 дирам пардохт мекарданд, пас имсол бо назардошти ААИ 5 дирам пардохт хоҳанд кард.

Сабаби асосии баланд шудани тарифи обёрӣ бо хароҷоти нигоҳубини пойгоҳҳои обкашӣ ва каналҳои магистралӣ мувофиқат накардани онҳо мебошад. Бинобар сабаби ҳолати ғайриқаноатбахши иншооти гидротехникӣ, об то киштзор пурра намерасад, зеро талафоти техникӣ хеле зиёд аст.

Пойгоҳҳои обкашӣ маҷрои обро дар каналҳо таъмин мекунанд, тозакунии онҳо маблағи зиёд талаб мекунад
Сурат: Asia-Plus

Ҳукумати Тоҷикистон солҳои тӯлонӣ қимати оби обёриро 1,5-2 дирам барои 1 метри мукааб нигоҳ медорад, дар ҳоле ки қимати обрасонӣ хеле гарон аст. Ба ақидаи бархе аз коршиносони соҳаи об, 5 дирами ҳозира низ барои пурра баровардани тамоми хароҷоти обёрӣ кофӣ нест.

Тибқи ҳисобҳои онҳо, арзиши аслии оби обёрӣ вобаста ба шароити минтақа аз 10 то 25 дирам барои 1 метри мукаабро ташкил медиҳад.

Дар ҷумҳурӣ заминҳои обӣ зиёда аз 600 ҳазор гектарро ташкил медиҳанд.

Ҳар як гектар вобаста ба зироат аз 2 ҳазор (растаниҳое, ки кам об истеъмол мекунанд) то 12 ҳазор метри мукааб (пахта) об барои обёрӣ талаб мекунад. Барои парвариши 1 гектар шолӣ (биринҷ) бошад, дар як мавсими обёрӣ метавонад то 20 ҳазор метри мукааб об сарф шавад.

Агар рақами миёна - 8 ҳазор метри мукааб гирифта шавад, дар як мавсим ба заминҳои кишт 4,8 млрд метри мукааб об додан лозим аст, ҳарчанд дар амал Тоҷикистон камтар истифода мебарад.

Хароҷоти истифодаи системаҳои обёрӣ миллионҳо долларро ташкил дода, лекин ҳаққи пардохти он 4-5 баробар кам аст. Гузашта аз ин, истифодабарандагон дар соли 2023 танҳо 51% арзиши хидматрасонии обро пардохт кардаанд.

Маблағи ночизи пардохти об барои обёрӣ ба қарздор шудани Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ ба ширкати «Барқи тоҷик» ва Кумитаи андоз боис гардидааст.

Барои дар ҳолати коршоям нигоҳ доштани иншооти обёрӣ на камтар аз 300 млн сомонӣ дар як сол лозим аст
Сурат: Asia-Plus

Ба фермерҳо мушкил мешавад

Пас аз болоравии нархи об ба фермерҳо барои 1 гектар замин пардохт намудани аз 100 (баъзе ғалладонагиҳо) то 1000 сомонӣ лозим меояд. Қаблан онҳо барои обёрии 1 гектар замин аз 40 то 400 сомонӣ пардохт мекарданд.

Ин тақрибан 5% аз фоидаи деҳқонон аст, ки ба нархи яклухти маҳсулоти худ зимни фурӯш илова мекунанд. Лекин ин афзоиши ниҳоӣ нест, зеро таҷрибаи солҳои ахир нишон медиҳанд, ки маҳсулоти кишоварзӣ бо назардошти расонидани онҳо то бозор ва фурӯши маҳсулот тариқи дасти дуюму сеюм метавонанд 10-15% қимат шаванд.

Бархе аз коршиносон мегӯянд, нархҳо метавонад боз ҳам болотар раванд, зеро обрасонӣ на ҳамеша муътадилу устувор аст.

Аз қатъи ногаҳонии интиқоли барқ ба пойгоҳҳои обкашӣ кишоварзон ва ҳам худи хоҷагиҳои об зиён мебинанд. Масалан, соли 2023 бар асари қатъи ногаҳонии барқ дар саросари кишвар 130 маротиба пойгоҳҳои обкашӣ аз кор баромадаанд.

Ғайр аз ин, сол то сол арзу шикоятҳо аз ҷониби фермерҳо ва иҷорагироне, ки обро нисбат ба талабот камтар мегиранд, зиёд мешавад. Сабаби он каналҳои тозанашуда ва сӯрохиҳо дар қубурҳои фарсуда аст.

Тибқи маълумоти Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ, танҳо дар соли 2023 аз ҳисоби интиқоли ноустувори барқ зиён ба идораҳои хоҷагии об зиёда аз 1 млн сомониро ташкил додааст.

Қобили зикр аст, ки оби обёрӣ дар Тоҷикистон 20 баробар арзонтар аз оби нӯшокӣ барои аҳолӣ ва тақрибан 70 баробар арзонтар барои корхонаҳои тиҷоратӣ аст.

Тарифҳо ба оби нӯшокӣ имрӯз тариқи зайл аст:

- 1,09 сомонӣ барои аҳолӣ (1 метри мукааб);

- 2,02 сомонӣ барои ташкилотҳои буҷетӣ;

- 3,48 сомонӣ барои корхонаҳои тиҷоратӣ.

Барои хидматрасониҳои обу корез:

- аҳолӣ - 0,55;

- ташкилотҳои буҷетӣ – 1,09;

- корхонаҳои тиҷоратӣ – 1,88 сомони (1 метри мукааб)!

Нархи онҳоро ҳам ният доранд, ки имсол баланд кунанд.

Сурат: Asia-Plus

Дар ҳеҷ куҷо оби бепул нест

Соли 2024 тарифҳо об барои обёриро ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ боло бурданд. Дар Қазоқистон он 1 танга афзуда, 1 метри мукааб оби обёрӣ аз $7,71 то $46,25 (84-507 сомонӣ бо қурби моҳи феврали соли 2024), Қирғизистон - аз $6,72 то $94,04 (73-1030 сомонӣ), дар Ӯзбекистон - аз $16,08 то  $96,48  (176 -1058 сомонӣ) нарх доранд.

Мегӯянд, нархи оби обёрӣ дар Туркманистон низ 100% боло рафта, дар ин ҷо тарифҳои баландтарин лар Осиёи Марказӣ ба қайд гирифта шудааст.

Лекин дар Қазоқистон барномаи кумакпулӣ барои оби обёрӣ - аз 50% то 85% амал мекунад, ки на он қадр ба арзиши маҳсулот таъсири манфӣ расонида метавонад.

Дар Ӯзбекистон ҳукумат пешниҳод мекунад, ки пардохтҳо ба истеъмолкунандагони об аз рӯи усули тафриқавӣ ташкил карда шавад. Аз ҷумла, аз соли 2025 ба нақша гирифта шудааст, ки ин нисбат ба деҳқононе, ки ҳисобкунакҳои об насб кардаанд ва технологияи сарфаҷӯиро ҷорӣ кардаанд, ки коэффисиенти андозро кам мекунанд, истифода мешавад.

Дар Тоҷикистон барои истифодабарандагони об ҳоло чунин имтиёзҳо ҷорӣ нашудааст. Бо назардошти пардохтпазирии пасти хоҷагиҳои фермурӣ ва аҳолӣ, ки маҳсулоти онҳоро мехарад, ҳатто 5 дирами ночиз барои 1 тонна об болоравии зиёд ба назар мерасад.

Аммо истифодабарандагон бояд дарк кунанд, ки бидуни пардохти мувофиқ ҳамаи зерсохтори об фурӯ меравад ва он вақт ҳеҷ гуна обёрӣ нашуда, дар заминҳои лалмӣ ҳосили дилхоҳ парвариш кардан ғайриимкон мегардад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.