Соҳибкорони Ӯзбекистон, ки дар Тоҷикистон машғули коранд, дар давоми 16 сол (солҳои 2007-2023) ба иқтисоди кишвар 74,1 млн доллар сармоя ворид кардаанд. Дар ин бора Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, рӯзи 10 март дар Душанбе раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон Султон Раҳимзода бо вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Ӯзбекистон Лазиз Қудратов дидору гуфтушунид кард.

Зимни вохӯрӣ зикр шуд, ки ба ҳолати 1 январи соли 2024 дар ҷумҳурӣ 90 корхона бо ҳиссаи соҳибкорони Ӯзбекистон ба қайд гирифта шудааст.

Дар ҷараёни вохӯрӣ вазъи кунунӣ ва дурнамои густариши ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар самти сармоягузорӣ баррасӣ шуд.

Ҷиҳати афзоиши ҷалби сармояи мустақим, баргузории форуми сармоягузории Тоҷикистону Ӯзбекистон дар чаҳорчӯби сафари президенти Ӯзбекистон ба Тоҷикистон дар нимаи аввали соли равон изҳор омодагӣ шуд.

Қаблан зимни мулоқоти президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва нахуствазири Ӯзбекистон Абдулло Орипов, ки рӯзи 11 март дар Душанбе баргузор шуд, масъалаи зиёд кардани ҳаҷми савдои дуҷониба мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Зикр шуд, ки ҳарчанд ҳаҷми тиҷорати дуҷониба дар соли гузашта ба зиёда аз 504 млн. доллар расида бошад ҳам, имкону захираҳо барои бамаротиб зиёд намудани ин нишондод мавҷуд аст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.