Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Далер Ҷумъа изҳор доштааст, ки сохтмони Неругоҳи барқи обӣ (НБО)-и “Санобод” дар ноҳияи Рӯшони ВМКБ имкон медиҳад, ки қувваи барқи зиётиро ба хориҷи кишвар, аз ҷумла ба қисмати шимолии Покистону Афғонистон интиқол дода шавад. Дар ин бора нашрияи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии “Пайғоми Рӯшон” хабар медиҳад.

Ҳангоми муаррифии лоиҳаи сохтмони зеристгоҳи нави барқии   10/ 35 /110 дар маркази маъмурии ноҳияи Рӯшон рӯзи сешанбеи ҳамин ҳафта вазир зикр кард, ки “дар вилоят сохтмони иншооти бузурги энергетикӣ оғоз мешавад”.

Ба гуфтаи Далер Ҷумъа, сохтмони зеристгоҳи нави барқии “Вомар”, ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ мешавад, ноҳияи Рӯшонро ба маркази тақсимкунии барқ дар вилоят табдил медиҳад.

Ӯ илова намуд, ки бунёди зеристгоҳ “барои ташкили корхонаҳои нави саноатии ноҳия ва таъминоти мардум бо қувваи барқ мусоидат хоҳад кард”.

Дар ҳамин ҳол, раиси ВМКБ Алишер Мирзонабот зимни чорабинӣ изҳор дошт, ки вилоят нисбати дигар манотиқи кишвар ба қувваи барқ беҳтар таъмин аст.

Ӯ таъкид дошт, ки сохтмони НБО “Санобод” бо иқтидори лоиҳавии 500 мегаватт “дар  саноаткунонии вилоят  қадами бузурге хоҳад буд”.

Сурат: "Пайғоми Рӯшон"

“Имсол ният дорем, ки 50 корхонаи саноатиро ба истифода диҳем, ки барои онҳо неруи барқ бояд таъмин бошад”, - илова намуд раиси вилоят.

Қаблан дар соли 2015 пас аз имзои Ёддошт дар бораи бунёди нерӯгоҳи "Санобод" миёни ҳукумати Тоҷикистон ва Бунёди Оғохон, зикр гардида буд, ки иқтидори неругоҳи оянда, тибқи ҳисобҳои пешакӣ,  на 500 МВт, ки аз ҷониби раиси вилоят иттилоъ дода шуд, балки 100-125 МВт-ро ташкил медиҳад ва ин 4-5 баробар камтар аз иқтидори эълоншуда аст.

Шояд раиси вилоят иштибоҳ карда бошад, зеро ҳоло дар ҷумҳурӣ танҳо 3 НБО иқтидори лоиҳавии зиёдтар доранд: НБО “Норак” (3000 МВт), НБО “Сангтӯда-1” (670 МВт) ва НБО “Бойғозӣ” (600 МВт).

Ба идораи низоми барқи ВМКБ, ки мустақилона аз системаи энергетикии Тоҷикистон фаъолият мекунад, дар асоси созишномаи консессионӣ бо ҳукумати Тоҷикистон то охири соли 2027 ширкати байналмилалии «Помир Энержи» машғул мешавад.

Айни замон иқтидори умумии истеҳсолии неругоҳҳое, ки зери идораи “Помир Энержи” қарор доранд, ҳудуди 50 МВт-ро ташкил медиҳад.

Ёдрас мекунем, ки аз охири моҳи сентябри соли гузашта дар минтақаҳои Тоҷикистон барқ бо реҷаи маҳдуд интиқол дода мешавад (8-10 соат дар як шабонарӯз). Аз охири моҳи феврал сокинони пойтахт низ бо маҳдудиятҳо дучор мешаванд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.