Вазири нақлиёти ҷумҳурӣ Азим Иброҳим изҳор дошт, ки нақлиёти роҳи оҳан аз муҳимтарин соҳаи стратегии Тоҷикистон ба шумор меравад. Дар ин бора дафтари матбуоти Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ хабар медиҳад.
Зимни суханронӣ дар иҷлосияи «Рушди долонҳои байналмилалии нақлиётии мултимодалӣ, ки аз қаламрави кишварҳои Осиё ва Шарқи Наздик мегузаранд» дар доираи Форуми XV байналмилалии иқтисодии «Русия - ҷаҳони ислом: KazanForum 2024» дар шаҳри Қазони Русия вазир зикр кард, ки нақлиёти байнулмилалӣ “дар қонеъ сохтани талаботи иқтисодиёт ва аҳолии мамлакат ба ҳамлу нақли бору мусофирон нақши муҳим дорад”.

Ӯ таъкид дошт, ки 70% борҳои воридотӣ ва содиротии мамлакат маҳз тавассути нақлиёти роҳи оҳан интиқол дода мешавад.
Ба гуфтаи вазир, дар соҳаи роҳи оҳан айни замон беш аз 10 лоиҳаи муҳими рушд ба маблағи умумии ҳудуди 7,5 млрд доллар таҳия шудааст.
Азим Иброҳим ҳамчунин хабар дод, ки феълан дар ҷумҳурӣ 10 долони афзалиятноки савдо ва транзит муайян карда шудааст, ки қаламрави ҷумҳурии моро аз шарқ ба ғарб ва аз шимол ба ҷануб убур мекунанд.
“Ҳукумати ҷумҳурӣ ба рушди долонҳои мултимодалии иқтисодӣ ва нақлиётии Тоҷикистон, ки кишварҳои Осиёи Ҷанубу Шарқиро бо мамолики Осиёи Марказӣ, Русия, Эрон, Туркия ва давлатҳои Аврупо мепайвандад ва ба бандарҳои баҳрӣ роҳ мекушояд, таваҷҷуҳи махсус медиҳад”, - иброз дошт вазир.
Зикр шуд, ки ҷиҳати истифодаи самараноки долони «Тоҷикистон – Узбекистон –Туркманистон – Эрон–Туркия», ки бартарии он таъмини кӯтоҳтарин хатсайр аз сарҳади Чин тавассути қаламрави Тоҷикистон ва кишварҳои номбурда мебошад ва ба ҳамгироии иқтисодии минтақавӣ мусоидат мекунад, корҳо фаъолона идома доранд.
Ӯ шарҳ дод, ки ин гузаргоҳи байналмилалии мултимодалӣ Чинро бо кишварҳои масири “Шимол – Ҷануб”, яъне уқёнуси Ҳинд ва халиҷи Форсро бо баҳри Хазар тавассути Эрон мепайвандад.
Азим Иброҳим таъкид дошт, ки масири “Шимол-Ҷануб” рушди ҳамлу нақли муназзам, саривақтӣ ва самарабахши молҳоро дар байни кишварҳои минтақа таъмин месозад.
“Тоҷикистон, ки аҳамияти ин хатсайрро дарк кардааст, соли 2004 тасмим гирифт, ки ба он ҳамроҳ мешавад”, - гуфт вазир.





“Таъини ректорро бо мо мувофиқа накарданд”. Муовини вазири маорифи Русия гуфт, маблағгузории Донишгоҳи славянӣ қатъ шудааст
Аз се шарти Пизишкиён барои поёни ҷанг то қабули қатъномаи СММ зидди Эрон. Охирин хабарҳо аз ҷанг дар Эрон ва вазъ дар Ховари Миёна
Дар Чин дили бемори 9 кӯдаки тоҷикро ройгон ҷарроҳӣ мекунанд
Боздошти 7 тан бо гумони муомилоти 100 кг маводи мухиддир аз Афғонистон ба Тоҷикистон
ФАВРӢ: Чаҳор муттаҳами асосии ҳамла ба "Крокус" ҳукми абад гирифтанд
Тавсияи Вазорати нақлиёт ба ронандагони тоҷик дар шароити номусоиди ҳаво
Вазорати саноат гуфт, ки чаро дар Тоҷикистон пӯст кам коркард мешавад
Як ҷавони 28-соларо дар Деваштич барои куштори падараш 19 сол равонаи зиндон кардаанд
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 44
Кӯдакам рӯза медорад. Ман чиро бояд донам?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста