Азхудкунии заминҳои нав дар Тоҷикистон миллионҳо сармоягузориро талаб мекунад, лекин бидуни таъмиру навсозии низоми обёрӣ, рушди бахши кишоварзӣ ғайриимкон аст. Нисфи пойгоҳҳои обкашӣ аз кор бозмонда, қарзҳо зиёд мешаванд ва барои азхудкунии як гектар замини нав даҳҳо ҳазор доллар лозим аст.

Коршиносон ҳушдор медиҳанд, ки дар ин сурат метавон камбуди ғизо ва беаҳолӣ мондани деҳотро интизор шуд.

 

Вақте ки 1 гектар ба пули хона баробар аст

Мувофиқи Барномаи давлатии азхудкунии заминҳои нави обёришаванда ва барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда барои солҳои 2022-2027, нархи азхудкунии 1 гектар замини нав ба 50-70 ҳазор сомонӣ (тақрибан 4,9-6,9 ҳазор доллар тибқи қурби моҳи июни соли 2025) баробар аст. Ба ин маблағ сохтмони зерсохтори зарурии обёрӣ, аз ҷумла пойгоҳҳои обкашӣ, наҳр (каналҳо), шабакаҳои тақсимот, инчунин корҳои аввалиндараҷа оид ба беҳдошти замин дохил мешавад.

Вақте ки 1 гектар ба пули хона баробар аст
Сурат: Asia-Plus

Лекин ҳангоми татбиқи лоиҳаҳои бузурги обёрӣ, бахусус дар шароити мураккаби табиӣ ва геологӣ, ки мудохилаи муҳандисии васеъ талаб мекунад, арзиш метавонад чандин маротиба— то 20–100 ҳазор доллар барои 1 гектар боло равад. Лоиҳаҳои мазкур сохтмони таҷҳизоти пуриқтидори оббкашӣ, садҳо, низомҳои гирифтани об ва иншооти иловагии энергетикиро дар бар мегиранд.

Барои муқоиса, барқарорсозии як гектар заминҳои кишоварзии қаблан партофташуда арзонтар меафтад — ҳудуди 11–20 ҳазор сомонӣ (аз 1,08 то 1,97 ҳазор доллар тибқи қурби 16 июни соли 2025), бахусус агар зерсохтори мавҷудаи обёрӣ қисман қобили истифода боқӣ монда бошад.

Илова бар ин, ҳангоми истифодаи технологияҳои муосири обёрӣ, ба монанди обёрии қатрагӣ ва истифода аз боришот, хароҷот барои як гектар метавонад чунин бошад. То 2 ҳазор доллар — барои обёрии қатрагӣ; 20–40 ҳазор доллар — бо истифода аз боришот; то 100 ҳазор доллар — дар сурати насби мошинҳои гардишкунанда (масалан, дастгоҳҳои обёрии доиравӣ аз боришот).

 

Мушкили асосии обёрӣ дар чист?

Низоми обёрии Тоҷикистон имрӯз на танҳо бо мушкилоти техникӣ, балки бо буҳрони ҷиддии молиявӣ ва энергетикӣ рӯбарӯст. Тибқи маълумоти Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ, яке аз масъалаҳои асосӣ афзоиши қарзи истифодабарандагони об мебошад, ки ба имконияти таъмири фаврӣ, муосирсозӣ ва фаъолияти устувори тамоми инфрасохтор монеъа эҷод мекунад.

То 1 апрели соли 2025 қарзи умумии истифодабарандагони об бо шумули қарзҳои соли гузашта ба 279,2 млн сомонӣ расидааст. Аз ин маблағ 178,3 млн сомонӣ қарзҳои ҶСК "Барқи Тоҷик" аст, ки 83,2 млн сомонӣ зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мебошад.

Дар ҳамин ҳол, дар семоҳаи аввали соли 2025 хароҷоти нерӯи барқ 12,4 млн кВт/соатро ташкил додааст, ки 1,1 млн кВт/соат камтар нисбат ба соли 2024 аст.

Наҳр (канал)-и обёрӣ дар вилояти Хатлон
Сурат: Asia-Plus

Аммо бо сабаби болоравии таърифаҳо (тарифҳо), арзиши барқи истеъмолшуда 3,7 млн сомонӣ (0,6 млн сомонӣ зиёдтар) боло рафта, танҳо 8,8 млн сомонӣ пардохт шудааст. Ин маънои онро дорад, ки сатҳи пардохтпазирӣ хеле паст боқӣ монда, ба низом сарбории иловагӣ меорад.

Мушкилиҳои молиявӣ инчунин бо маоши паст дар соҳа вазнинтар мешаванд.

Аввали соли 2024 қарзи музди меҳнат дар Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ аз 1,7 млн сомонӣ зиёд шуд, ки боиси рафтани кадрҳо ва паст шудани ҳавасмандии кормандон шуд. Дар натиҷа мутахассисони соҳибтаҷриба ба дигар соҳаҳо мегузаранд ё ба хориҷи кишвар мераванд, ки ин низомро бе захираҳои касбии зарурӣ мемонад.

Ғайр аз ин, бисёре аз пойгоҳҳои обкашӣ аз таҷҳизоти кӯҳна ва сермасрафи энергетикӣ истифода мебаранд ки ба талаботи муосир оид ба самаранокӣ ҷавобгӯ нестанд. Талафоти об дар баъзе қисматҳои низом то 60–75% ҳаҷми оби пойгоҳҳоро ташкил медиҳад, ки ҳамроҳ бо нархи баланди нерӯи барқ, обёриро бе дастгирии давлатӣ ва сармоягузорӣ ба технологияҳои каммасраф аз ҷиҳати иқтисодӣ бефоида месозад.

 

Кӣ ва чӣ гуна лоиҳаҳоро дар соҳаи об маблағгузорӣ мекунад?

Дар Барномаи давлатии барқарорсозӣ ва рушди низоми обёри Тоҷикистон барои солҳои 2022-2027 563,1 млн сомонӣ маблағ пешбинӣ шудааст. Мувофиқи сохтори тасдиқшудаи маблағгузорӣ, 89,6%-и ин маблағҳо сармоягузорӣ, аз ҷумла лоиҳаҳои хориҷӣ ва иштироки бахши хусусӣ мебошанд. Боз 10% аз буҷети давлатӣ ҷудо шуда, 0,4% аз ҳисоби манбаъҳои дохилӣ - фондҳои минтақавӣ ва саҳми мустақими худи кишоварзон таъмин мешавад.

Барнома доираи васеи чорабиниҳоро дар бар мегирад, аз ҷумла сохтмон ва таъмиру навсозии пойгоҳҳои обкашӣ, таҷдиди низоми қубур ва заҳбурҳо, ҷорисозии обёрии дохилихокӣ ва худкор (автоматӣ), таъмини иншоот бо барқ, ивази таҷҳизоти кӯҳна ва инчунин гузаронидани корҳои беҳдошти замин барои мубориза бо шӯршавӣ, ботлоқшавӣ ва эрозияи хок (бодлесшавии хок).

Эмомалӣ Раҳмон дар Конибодом хати таъминот бо обро ба кор даровард
Сурат: president.tj

Айни замон татбиқи лоиҳаҳои бузурги сармоягузорӣ баҳри баланд бардоштани устувории соҳаи об ва беҳбуди идоракунии захираҳо идома дорад, ки миёни онҳо метавон аз лоиҳаҳои “Беҳбуди идоракунии захираҳои об ва обёрӣ дар Тоҷикистон” ном бурд, ки моҳи марти соли 2023 оғоз гардида, анҷомаш соли 2027 пешбинӣ шудааст.

Арзиши он 47 млн долларро ташкил медиҳад, ки 30 млн доллари он ба сифати грант аз ҷониби Ассотсиатсияи байнулмилалии рушд (IDA) ҷудо гардида, боз 17 млн доллар гранти Иттиҳоди Аврупо мебошад.

Дигар лоиҳаи бузург - “Обёрии ба иқлим тоборвар ва таҷдиди заҳбурҳо дар ҳавзаи дарёи Вахш” буда, аз соли 2002 мавриди амалишавӣ қарор дорад ва моҳи июни соли 2027 ба итмом мерасад. Ҳаҷми умумии сармоягузорӣ ба он 35,2 млн долларо ташкил медиҳад.

Дар татбиқи лоиҳа шарикони байнулмилалӣ фаъолона иштирок мекунанд. Бонки аврупоии таҷдиду рушд (БАТР) лоиҳаҳо оид ба сарфаи энергия дар пойгоҳҳои обкашӣ ва навсозии шабакаҳои обёрӣ дар водиҳои Вахшу Панҷро дастгирӣ мекунад. Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ (ФАО) ба таҳкими ниҳодии низоми идоракунии захираҳои об, тайёр кардани кадрҳо ва ҷорисозии моделҳои нави истифодаи об кумак мекунад.

Бонки ҷаҳонӣ ва Бонки осиёии рушд (БОР) ба ташаббусҳои базурги зерсохторӣ бо шумули барқарорсозии наҳрҳо ва рушди низомҳои обёрии қатрагӣ ва бо истифода аз боришот ҷалб шудаанд.

Давлат ҳар сол барои нигаҳдории шабакаҳои обёрӣ камтар аз 10% аз маблағи заруриро ҷудо мекунад, дар ҳоле, ки қисми зиёди хароҷот аз ҳисоби грантҳои байнулмилалӣ ва дастгирии сарпарастон рӯйпӯш мешавад. Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоти сохторҳои байнулмилалӣ, аз ҷумла ФАО ва БАТР, ҳоло ҳеҷ кас дақиқ гуфта наметавонад, ки барои комилан таъмиру навсозии ҳамаи низоми обёрӣ чӣ қадар маблағ лозим аст.

Бо вуҷуди ин, коршиносон таъкид месозанд, ки бидуни маблағгузории назаррас ва устувор, бунёди зерсохтори хоҷагии оби самаранок, аз лиҳози иқтисодӣ ва захираҳо сарфакор ва мутобиқ ба тағйирёбии иқлим ғайриимкон аст.

Низоми обёрии Тоҷикистон
Сурат: Asia-Plus

 

Панҷ афзалияти ислоҳот дар обёрӣ

Сармоягузориҳо ба рушди низоми обёрӣ ва азхудкунии заминҳои нави кишоварзӣ дар Тоҷикистон якчанд самтҳои афзалиятнокеро дар бар мегиранд, ки ҳар кадоме аз онҳо ба рушди бахши кишоварзӣ ва таҳкими амнияти озуқавории кишвар мусоидат менамоянд.

Бино ба муқарррароти Барномаи давлатии солҳои 2022-2027, инчунин тавсияҳои Стратегияи миллӣ дар соҳаи об ва шарикони байнулмилалӣ, аз ҷумла ФАО, БАТР, маблағгзорӣ ба соҳаҳои бештар осебпазир ва ояндадор тамаркуз мекунад.

Маблағҳо дар навбати аввал ба таъмиру навсозии зерсохтори обёрӣ - сохтмони пойгоҳҳои обкашӣ, шабакаҳои обёрӣ ва заҳбурҳо, таҷдиди иншооти обу барқ, мустаҳкам кардани соҳилҳо ва барқарорсозии низомҳои қубуру ззаҳбурҳо равона мешаванд.

Ба ноҳияҳое, ки хафви баланди шӯршавӣ ва зеро об мондан доранду дар онҳо обёрӣ мустақиман ба коршоямии хок барои киштукор таъсир мерасонад, таваҷҷуҳи хосса зоҳир мешавад.

Самти дуюми муҳим таъмини иншоот бо нерӯи барқ ва баланд бардоштани самаранокии истифодаи барқ маҳсуб меёбад.

Ин ҷо сари ивази агрегатҳои кӯҳнашудаи пойгоҳҳои обкашӣ ба муосир сухан меравад, ки ба коҳиши то 60% талафоти барқ қодиранд. Ғайр аз ин, дар лоиҳаҳои ҷудогона роҳи ҳал бар асоси манбаъҳои барқароршавандаи энергия, аз ҷумла истифодаи пойгоҳҳо бо барқи офтобӣ дар минтақаҳои душворгузар ва дурдаст пешбинӣ шудааст.

Ҷорисозии технологияҳои муосир, аз ҷумла обёрии қатрагӣ, бо истифода аз боришот ва дохилихокӣ низ аҳаммият дорад. Ин методҳо ба коҳиши назарраси талафоти об аз ҳисоби буғшавӣ ва полоиш имкон медиҳад.

Сурат: Asia-Plus

Ба худкор кардан (автоматӣ кардан)-и идоракунии интиқоли об ва ҷорисозии низомҳои мониторинги фосилавӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир мешавад, ки раванди тақсимоти захираҳоро бештар дақиқ ва шаффоф месозад.

Самти чорум татбиқи тадбирҳои беҳдошти замин, аз ҷумла тозакунии заминҳои таназзулёфта, мубориза бо шӯршавӣ ва ботлоқшавӣ, беҳбуди хусусиятҳои обии хок ва пешгирии равандҳои эрозия мебошад.

Ин тадбирҳо ба баргардонидани қаламравҳои васеъ ба гардиши кишоварзӣ ки қаблан аз истифода баромада буданд, имкон медиҳанд.

Ва дар ниҳояти кор, қисми зиёди сармоягузориҳо ба рушди ниҳодӣ ва омодасозии кадрҳо равона шудааст. Иттиҳодияҳои истифодабарандагони об рушд ёфта, модели ғайримутамаркази идоракунии захираҳои об ҷорӣ мешаванд. Инчунин барномаҳои омӯзиш ва такмили ихтисоси мутахассисон дар соҳаи беҳдошти замин, менеҷмент дар соҳаи об ва технологияҳои рақамӣ маблағгузорӣ мешаванд.

Тибқи пешгӯиҳо, амалисозии тадбирҳои зикршуда дар ҳамаи самтҳо ҷиҳати ба гардиши кишоварзӣ баргардонидани то 16 901 гектар заминҳои нав ва барқароршуда, фароҳам овардани то 64 ҳазор ҷойи корӣ, коҳиши назарраси талафоти об ва нерӯи барқ, инчунин баланд бардоштани маҳсулнокии истеҳсолоти кишоварзӣ ва устувории соҳа ба тағйирёбии иқлим имкон медиҳад.

 

То соли 2027 Тоҷикистон 17 ҳазор гектар заминҳоро азхуд мекунад

Дар Барномаи азхудкунии заминҳои нав ва барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ бозмонда рушди бахши кишоварзӣ пешбинӣ шудааст. Он на танҳо аҳаммияти иқтисодӣ, балки страттегӣ низ дошта, мустақиман ба устувории кишвар аз лиҳози амнияти озуқаворӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ таъсир мерасонад.

Сурат: Asia-Plus

То соли 2027 ба гардиш баргардонидани 16 901 гектар замин ба нақша гирифта шудааст: аз ин миқдор 11 321 гектараш қитъаҳои нави обёришаванда ва боз 5 580 гектар - заминҳои қаблан аз гардиш бозмонда мебошанд. Дар ҳар як гектар бояд 4 ҷойи нави корӣ муҳайё гардад - ҳамагӣ 64 ҳазор ҷой. Ин на танҳо ба шуғл дар деҳот мусоидат мекунад, балки ба рушди минтақавӣ бо шумули беҳбуди зерсохтор ва ҳифзи ҷомеа тақвият мебахшад.

Яке аз самтҳои калидии барнома таъмини амнияти озуқаворӣ аст. Васеъ кардани заминҳои кишт бояд вобастагӣ аз воридотро коҳиш дода, таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти кишоварзиро беҳтар созад.

Афзалияти дуюм идоракунии устувори захираҳои обӣ мебошад. Бо назардошти коҳиши пешгӯишудаи заминҳои обёрӣ ба ҳар сари аҳолӣ то 0,006 гектар то соли 2030, ки яке аз пасттарин нишондиҳандаҳо дар Осиёи Марказӣ аст, ба таъмиру навсозии низомҳои обёрӣ, пешгирии шӯршавии заминҳо ва истифодаи оқилонаи об таваҷҷуҳи хосса зоҳир мешавад.

Татбиқи барнома вазифаҳои экологиро низ иҷро мекунад: барқарорсозии заминҳои таназзулёфта, беҳдошти ҳолати заминҳо, мубориза бо эрозия, ҳифз аз ботлоқшавӣ. Дар қисмати техникӣ рақамисозии идоракунии обёрӣ ва ҷорисозии воситаҳои сарфакорӣ ба нақша гирифта шудааст, ки ба коҳиши талафоти захираҳо ва фоида аз ҳар як сомонии маблағгузоришуда имкон фароҳам меорад.

 

Ба обёрӣ такягоҳи молиявӣ лозим аст

Муҳандис-гидротехник Камолиддин Сироҷиддинов таъкид мекунад, ки бидуни заминаи устувори иқтисодӣ, барқарорсозии обёрӣ ғайриимкон аст. Ӯ исрор меварзад, ки хароҷот  ба соҳаи хоҷагии об бояд ба хароҷот ба соҳаи маорифу мудофиа баробар бошад:

“Мо хароҷот ба обёриро бояд бо хароҷот ба маорифи миллӣ, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва мудофиаи кишвар ба як қатор гузорем”.
Сурат: Asia-Plus

Коршинос ақидаи бекор кардани кумакпулиҳоро иштибоҳ мешуморад. Ба гуфтаи ӯ, дастгирии давлатӣ бахусус дар обёрӣ тариқи мошинҳо хеле зарур аст:

Тибқи ҳисобу китоби Сироҷиддинов, танҳо барои дар ҳолати коршоям нигоҳ доштани низом, ҳамасола барои Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ  13-15 млн доллар маблағ лозим аст. Вале ҳатто бо чунин ҳаҷми маблағгузорӣ, бозгашти сармоягузорӣ на камтар аз 40–50 солро дар бар мегирад:

“Ин андешаи нодуруст ва хеле ғалат аст. Баръакс, сарфи назар аз чӣ қадр гарон будан барои кишвар, дастгирии ҳукумат бояд идома ёбад”.

“Хоҷагиҳои фермерӣ тавасути Иттиҳодияҳои истифодабарандагони об маблағҳояшонро тақрибан баъди 30-40 сол баргардонида метавонанд. Дар ИМА низ ҳамин тавр буд”.

 

Тоҷикистонро бе муосиргардонии низоми обёрӣ чӣ интизор аст?

Таъхир дар муосиргардонии низоми обёрӣ ва азхуд кардани заминҳои нави кишоварзӣ метавонад барои амнияти озуқаворӣ ва суботи иҷтимоии Тоҷикистон оқибатҳои ҷиддӣ дошта бошад. Аллакай имрӯз як тамоюли нигаронкунанда мушоҳида мешавад: сатҳи таъмини аҳолӣ бо заминҳои обёришаванда пайваста коҳиш меёбад.

Ба обёрӣ такягоҳи молиявӣ лозим аст
Сурат: Asia-Plus

Тибқи арзёбии Агентиии беҳдошти замин ва обёрӣ ва ҳисобҳо дар Барномаи давлатии зикршуда, агар суръати ҷории рушд боқӣ монад, то соли 2030 ба ҳар як сокини кишвар ҳамагӣ 0,06 гектар замини обёришаванда рост меояд. Ин яке аз нишондиҳандаҳои пасттарин дар Осиёи Марказӣ мебошад, ки Тоҷикистонро дар мубориза бо тағйирёбии иқлим ва таҳдиди амнияти озуқаворӣ хеле осебпазир мегардонад.

Чунин сатҳи таъминот, бахусус бо назардошти афзоиши аҳолӣ ва тағйирот дар сохтори истеъмол, ба рӯйпӯш сохтани талаботи дохилӣ ба ғизо қодир нест.

Дар шароити маҳдудияти захираҳои об ва таназзул ёфтани хок, оқибатҳо метавонанд харобиовар бошанд.

Ин метавонад ба коҳиши ҳосилнокӣ ва даромади кишоварзон, ба таври оммавӣ ба шаҳру хориҷи кишвар рафтани аҳолии деҳот, тақвияти ташаннуҷи иҷтимоӣ дар минтақаҳо, афзоиши вобастагӣ аз воридоти маҳсулот ва ҷаҳишҳои нарх ба маҳсулот ва ғайра оварда расонад.

Ғайр аз ин, кӯҳнашавии техникии зерсохтор ва истифодаи ғайриоқилонаи об метавонад ба талафоти бузургмиқёс, дар баъзе минтақаҳо то 75%-и оби пойгоҳҳо то расидан сари замин боис гардад. Мавҷуд набудани назорати лозимӣ аз болои амалишавии лоиҳаҳо мушкилотро боз ҳам душвортар месозад.

Дар дурнамои дарозмуҳлат беамалӣ дар соҳаи обёрӣ ба баркандашавии устувории бахши кишоварзӣ таҳдид карда, метавонад буҳронҳои экологӣ ва иқтисодӣ ба бор орад ва рушди деҳотро боздорад. Тавре ки дар хулосаҳои таҳлилии Барномаи дапвлатӣ таъкид мешавад, “вақти имрӯз аздастдода фардо ба хушксолӣ, камбуди маҳсулот ва муҳоҷират оварда мерасонад”.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.